logo

порлумон

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид,  Созишномаи грантии кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,  иброз дошт, ки дар заминаи ваколатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд 18 январи соли равон созишномаи мазкур ба имзо расонда шуд. Кумаки техникии мазкур аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ барои беҳбуд ва баланд бардоштани шароити кории кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об пешбинӣ гардидааст.
Мувофиқи созишнома Бонки исломии рушд розигии худро ҷиҳати ҷудо кардани 280 ҳазор доллар ба сифати кумаки техникӣ барои хариди маҷмӯи таҷҳизоти идоравӣ ва таҳияи санадҳои зерқонунӣ, ки дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия пешбинӣ гардидаанд, иброз намудааст. Татбиқи лоиҳа имконият фароҳам меорад, ки сатҳу сифати кории кормандон ва коргузорӣ баланд бардошта шуда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳукумати электронӣ дар заминаи хуби техникӣ гузошта шавад. Ба гуфтаи вазир, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба тасвиб расид. Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки тибқи он минбаъд дар Тоҷикистон шахсоне, ки шаҳрвандии кишвари хориҷиро доранд ё соҳиби душаҳрвандиянд,  ҳуқуқ надоранд дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Дар сурати ошкор шудани душаҳрвандии нафароне, ки дар мақомоти корҳои дохилии кишвар фаъолият мекунанд, онҳо аз вазифа барканор мегарданд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2017    №: 121    Мутолиа карданд: 3127
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед