мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону донишҷӯён дар Рӯзи дониш
1 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мулоқот анҷом дода, ҳамаи онҳо ва мардуми кишварро бо оғози соли нави хониш ва Рӯзи дониш ва сулҳ табрику таҳният гуфт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварда, нахуст намоишгоҳи дастовардҳои илмию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро аз назар гузаронд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба намунаҳои чойи аз гиёҳҳои шифобахш омодагашта таваҷҷӯҳ намуд, ки аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда буд ва ба олимону мутахассисони соҳа оид ба тарғибу ташвиқи аҳамияти он ва ба роҳ мондани истифодаи васеи ин гиёҳҳо дар илми тиб ва рӯзгори мардум дастуру ҳидоятҳо дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба дастовардҳои олимони ин донишгоҳ оид ба омода кардани нуриҳои минералию органикӣ аз партовҳои шаҳри Душанбе баҳои баланд дод.
Намоиши лоиҳаҳои сохтмон ва меъмории биноҳои бисёрқабата, ки маҳсули эҷоди донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буда, дар чандин озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ғолиб омадаанд, низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани савияи меъморону лоиҳакашони ҷавони тоҷик ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани маҳсули кору эҷоди онҳо ба роҳбарияти донишгоҳ дастуру ҳидоятҳо дод.
Ба роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки таҷрибаи ғании деҳқонони ботаҷрибаи мамлакатро, ки натиҷаи корашон дар баъзе ҳолатҳо аз олимону мутахассисони соҳа беҳтару омӯхтанӣ аст, мавриди омӯзиш ва татбиқ дар илму истеҳсолот қарор диҳанд.
Роҳбарияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия вазифадор шуд, ки ба омода кардани муаллимони забони русӣ барои муассисаҳои таълимии кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд.
Ҳамин тавр ба роҳбарони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.
Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зикр гардид, ки донишҷӯёни эҷодкори он то имрӯз 25 патенти ихтироъкорӣ гирифтаанд.
Зимни боздид аз шароити таълиму тарбияи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз китобхонаи он дидан кард. Чунонки аён гашт, ин боргоҳи дониш дорои маъхази азими китобҳо ва дигар маводи чопии таълимӣ, илмӣ - маърифатӣ ва бадеӣ ва ҳамчунин китобхонаи электронӣ мебошад. Китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз бо 18 адад компютер аст, ки ҳар яки он ба шабакаи дохилии донишгоҳ ва шабакаи ҷаҳонии интернет, бо китобхонаҳои электронии дигар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон пайваст аст. Шабакаи дохилии донишгоҳ иборат аз 200 компютери ба интернет пайваст мебошад. Донишҷӯён дар ин ҷо мутобиқи реҷаи муайян метавонанд ройгон аз имконоти бепоёни китобхонаи электронӣ, ки дастоварди муҳими технологияҳои муосири иттилоотӣ аст, истифода намуда, донишу малакаи худро такмил диҳанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити дигари донишгоҳ ҳамчунин маълум шуд, ки имсол дар арафаи соли нави хониш дар ин ҷо як бинои нави таълимӣ сохта шудааст ва имрӯз барои қабули донишҷӯён омода мебошад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, бинои нави таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бинои мазкур бо навтарин техникаю таҷҳизоти таълимӣ, аз ҷумла бо тахтаҳои синфии электронӣ ва шабакаи таълими фосилавӣ, ки тавассути интернет ва технологияҳои муосири иттилоотӣ имконпазир гаштааст, муҷаҳҳаз мебошад. Техникаю технологияи дар ин ҷо истифодашаванда имкон медиҳанд, ки дар ҳуҷраҳои махсуси муҷаҳҳазгашта тавассути телевидеомост дарсҳо ва семинару конфронсҳои фосилавӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии дигари Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷӣ гузаронда шаванд.
Маҳз ба шарофати имконоти ҳамин техникаю технологияи насбшуда ва тавассути пахши мустақими телевизиони Тоҷикистон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз имкон фароҳам омад, ки бо донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа низ ба таври мустақим ҳамсӯҳбат шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонӣ ва шароити таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро намунаи ибрат барои дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ арзёбӣ намуд.
Дар толори калони маҷлисии донишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти расмии худро бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз намуд. Мулоқот тавассути шабакаҳои телевизиони тоҷик ба таври мустақим пахш гардид ва рафти онро омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони тамоми муассисаҳои таълимии кишвар имкон доштанд дар синфхонаҳои худ тамошо кунанд. Шароити зарурӣ барои пахши телевизионии ин сӯҳбат дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ муҳайё гашта буд. Омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа натанҳо имкони тамошои ин сӯҳбатро доштанд, балки тавонистанд тавассути техникаю таҷҳизоти робитаи фосилавӣ ва ё телемости мустақим бо Сардори давлат ҳамсӯҳбат шаванд ва ба ӯ суол диҳанд. Робитаи мустақими Президент бо омӯзгорону донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимӣ тавассути телевизион ва шабакаи интернет таъмин карда шуд.
Зимни суханронии барномавии худ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат ба соҳаи маорифи кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар соли 2005-ум фақат барои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 180 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2009 ҳаҷми он, бо дарназардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, ба 780 миллион сомонӣ расид.
Чунонки дар суханронӣ зикр гардид, аз соли 1996 то имрӯз барои дастгирии соҳаи маориф 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 530 миллион сомонӣ татбиқ гардида, аз ҳисоби ҳамаи онҳо аз соли 1998 то нимсолаи аввали соли ҷорӣ 500 иншооти соҳа ба маблағи қариб 180 миллион сомонӣ сохта ё таъмиру таҷдид шудааст.
Танҳо соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи умумии 123 миллион сомонӣ барои зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст 209 бинои мактаб, аз ҷумла биноҳои иловагӣ аз 4 то 10 синфхона барои 21 ҳазор хонанда бунёд гардиданд ва то рӯзҳои таҷлили 15-солагии қабули Конститутсия боз 56 мактаб таъмиру тармим карда, ба истифода дода мешавад.
Дар суханронӣ таваҷҷӯҳи махсус ба кору эҷоди донишҷӯёни болаёқате, ки бо таҳқиқоти илмӣ, корҳои эҷодӣ ва кашфиёту ихтироот машғуланд ё ба ин корҳо майлу рағбати зиёд доранд, зоҳир шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки баҳри муҳайё намудани шароити зарурӣ барои илмомӯзӣ ва эҷоду ихтирооти онҳо шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда, минбаъд барои ба кор ҷалб намудани онҳо дар сохторҳои ҳукуматӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ тадбирҳои судманд андешанд, то нерӯи ақлонии ҷавонони кишвар ба таври зарурӣ мавриди истифода қарор гирад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки бо мақсади рушди робитаи илм бо истеҳсолот дар назди муассисаҳои давлатии илмӣ ва мактабҳои олӣ корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ташкил шаванд.
Умуман дар ин суханронӣ ва маҳфили суолу ҷавоб, ки миёни Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тӯли беш аз се соат идома ёфт, тамоми масъалаҳои соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва барои бартараф намудани мушкилоти ҷиддии мавҷуда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2143