logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба пурсиш Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, посух гуфт. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Ба қайди давлатӣ гирифтани маслиҳатхонаи  ҳуқуқӣ дар мақомоти бақайдгиранда  дар кадом асос ва чӣ  тавр сурат мегирад?

И. АҲМАДБЕКОВ,
сокини ноҳияи Дарвоз

- Мувофиқи банди 1 моддаи  25  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура  ва фаъолияти адвокатӣ»  шаҳрванде, ки соҳиби мақоми адвокатӣ гардидааст,  ҳуқуқ дорад  кабинети адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, коллегияи адвокатӣ  ва бюрои адвокатиро  таъсис диҳад.  Дар асоси талаботи банди 1 моддаи 28 қонуни мазкур  ду ва ё зиёда адвокат ҳуқуқи таъсис додани маслиҳатхонаи ҳуқуқиро доранд.
Барои бақайдгирии давлатии таъсиси маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба мақомоти бақайдгиранда ариза бо  замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод  карда мешавад:
- шартнома дар бораи таъсисдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ. Дар шартномаи таъсисӣ аз ҷониби муассисон шартҳои ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ додани молу мулки онҳо, тартиби иштирок кардан дар фаъолияти он, тартиб ва шарти ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ қабул кардани аъзои нав, ҳуқуқ ва уҳдадории муассисони (аъзои)  маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, тартиб ва шарти баромадани муассисон (аъзо) аз ҳайати он нишон дода мешавад;
- протоколи маҷлиси умумии муассисон, ки бояд, аз ҷумла қарорҳо дар бораи таъсисдиҳӣ, дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар бораи таъйин намудани роҳбари мақоми маслиҳатхонаи  ҳуқуқиро дар бар гирад;
- оинномаи маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи адвокатҳо (нусхаи шиноснома, варақаи шахсӣ,  нусхаи шаҳодатномаи адвокат, рақами мушахаси андозсупоранда);
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи  суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ, ки мақоми ваколатдори  давлатӣ пешниҳод намудааст;
- расид (квитансия) ё нусхаи супориши пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 1312
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед