logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Агентӣ парвандаи раиси қаллобро ба суд ирсол намуд
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар пайи муроҷиати як шаҳрванд раиси хоҷагии ниҳолпарварии Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар Фахриддин Очилдиевро бо ҷурми қаллобӣ дастгир намуд.

Номбурда барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани чойхонаи ҳамин хоҷагӣ ба номи як зан бо роҳи фиреб аз ӯ 16000 сомонӣ талаб карда гирифта, боз овардани маблағи 2300 сомонии дигарро тақозо намудааст. Дар натиҷаи гузарондани чорабинии фаврӣ - тафтишотӣ Фахриддин Очилдиев ҳангоми гирифтани 2300 сомонӣ дар дафтари кориаш дастгир гардида, далелҳои шайъӣ дарёфт ва мусодира шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, вобаста ба ҳолати зикргардида нисбат ба Фахриддин Очилдиев бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.

Гумонбари қотили ҳамсар
Кормандони мақомоти милитсия зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ марди 28-солаи сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо марг анҷом шудааст, боздошт намуданд.

Тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршуда 26 феврали соли 2017, тахминан соати 11:00 дар пайи муноқишаи оилавӣ ҳамсари 24-солааш, сокини ҳамин шаҳрро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст. Сипас, барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш бо баҳонаи даст ба худкушӣ задани ҳамсараш, ҷасади ӯро дафн намудааст.
Баъд аз ташхиси тиббӣ, ки ҳолати воқеии корро ошкор намуд, нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзнома


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 1120
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед