logo

ҳуқуқ

13 СОЛ МАҲРУМ АЗ ОЗОДӢ. БОЗ ДАР БОРАИ ЯК ҶАВОНИ ГУМРОҲ

Суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро бо шикояти кассатсионии маҳкумшуда Фирдавс Турсоатов, зодаи шаҳри Ваҳдат, мавриди баррасӣ қарор дода, номбурдаро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 187 қисми 2, 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист ва бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 кодекси ҷиноятӣ 13 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Суди марҳалаи якум муайян намудааст, ки Фирдавс Турсоатов моҳи октябри соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Краснодари Федератсияи Русия қарор доштанаш тавассути шабакаи интернетии «Зелло» ба барномаи «Раҳнамо» ба сӯи «Давлати исломӣ» ворид шуда, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абу Довуд, Абу Муслим ва Абу Яҳё тавассути интернет робита намудааст. Баъдан, Фирдавс Турсоатов мунтазам бо онҳо дар тамос шуда, наворҳои видеоии ҷонибдорон ва аъзои гурӯҳи экстремистӣ - террористии «Давлати исломӣ» - ро дар шабакаи «Ютуб» тамошо менамудааст. Сипас ғоя ва мақсадҳои онро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.
Тахминан, моҳи октябри соли 2016 бо роҳи «байъат» намудан ба Абу Довуд ном шахси ба тафтишот номаълум, қасам хӯрдааст, ки «то нафаси охирин ба Амир хизмат намуда, дар роҳи ислом содиқ монда, ҳар вақту соат тамоми супоришҳоро иҷро менамояд». Ӯ навиштаҷоти «Салом Абу Довуд, ман Фирдавс, ба номи Худо қасам, ба наздат меоям ва мехоҳам дар барат бошам» - ро тавассути телефони мобилиаш навишта, ба номбурда ирсол намудааст. Вай бо ин роҳ дар фаъолияти иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) - и экстремистӣ - террористии «Давлати исломӣ» шомил гардидааст.
Фирдавс Турсоатов 12 декабри соли 2016 ба Тоҷикистон баргашта, дар ин ҷо тавассути шабакаи «Зелло» фаъолияти худро идома доданӣ шуда, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштирок намояд. Номбурда 15 январи соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.
Коллегияи судӣ ҳангоми бетағйир мондани ҳукми суди марҳалаи якум талаботи бандҳои 10, 12 ва 26 - и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 12, аз 23 июни соли 2010 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ» - ро ба назари эътибор гирифт. Дар асоси гуфтаҳои боло коллегияи судӣ таъйин кард, ки ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз 6 апрели соли 2017 нисбат ба Фирдавс Турсоатов бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 32 қисми 3 - 4011  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағйир монда шавад.
Қурбониён АЛИШОҲ,
муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2017    №: 125    Мутолиа карданд: 1119
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед