номаҳо
БОЗ ЯК «ДЕВДАРА» - И ДИГАР «ГУЛДАРА» ХОҲАД ШУД
Мо - сокинони деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоем. Зеро бо талошҳои пайвастаи ин марди бузург ва ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз ба рӯз ободу зебо ва сатҳи зиндагии мардум баланд шуда истодааст.
Дар пеши назари мо, дар шароити вазнини кӯҳистон шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъихумб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма бунёд ёфт. Ин шоҳроҳ мушкили рафтуомади мардумро осон гардонд. Гузашта аз ин, дар ноҳия бисёр иншооти дигари таъйиноти гуногун бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд ёфтанд, ки то соҳибистиқлолӣ дар гӯшаи хаёли касе набуданд.
Сокинони деҳаи Ёгед чандин сол аст, ки чорвои худро ба чарогоҳҳо аз тариқи пайроҳаҳои кӯҳии душворгузар мебаранд. Мо дар яке аз минтақаҳои душворгузар ва пурхатари ин роҳ на танҳо чорво, балки ҳамдеҳагонамонро аз даст додаем. Обод кардани роҳ дар он минтақа бе дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия номумкин буд. Масруру сипосгузорем, ки бо ҳидояти Сарвари муаззами давлат ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳалли ин мушкилоти мо тадбирҳои муассир андешида шуданд. Ҳоло корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Дар ин кори хайр ба мо ҳамдеҳагони дар хориҷи кишвар қарордоштаамон низ ёрии амалӣ расонда истодаанд.
Хушҳолем, ки ба шарофати сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик он минтақаи душворгузар ба мавзеи бехавф табдил меёбад. Боз як «Девдара»-и хурди дигар «Гулдара» хоҳад шуд.
Суҳроб НАЗАРШОЕВ,
Саъдӣ ҚИРОНОВ,
Ҳукмзоди ҲАҚНАЗАР,
сокинони деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.2017 №: 126-127 Мутолиа карданд: 2608