logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҶАСАДРО БА ДАРЁИ СИР ПАРТОФТАНД
Ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан суд шудаанд, аз ҷониби кормандони милитсия якҷо бо дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷурми содир намудани ҷинояти куштор боздошт шуданд.
Бино ба иттилои маркази матуботи Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршудагон 8  июни соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар дохили нақлиёти шахсии марди 21-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ӯ муноқиша мекунанд. Дар натиҷа соҳиби мошинро латукӯб намуда, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонанд. Сипас, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудаашон ҷасадро ба дарёи Сир партофта, мошинашро ба ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон бурда, ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд.
Нисбат ба  далели мазкур бо моддаи 104 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ТАЛОШИ ГУМРОҲОН ВА 25 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА
Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ А. Вазиров ва ҳамсараш М. Салимова барои кӯшиши пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ мутаносибан ба муҳлатҳои 13 ва 12 сол равонаи зиндон шуданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  дод. Бино ба иттилои манбаъ, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. Вазиров ва М. Салимова бо моддаҳои 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ба он айбдор мешаванд, ки аввалӣ моҳи сентябри соли 2015 барои дидорбинии бародараш ба шаҳри Маскав рафта, ба доми таблиғгарони ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» меафтад. Номбурда бо ҳамин таассурот моҳи октябри ҳамон сол ба Тоҷикистон баргашта, тавассути шабакаи интернетии «Зелло» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Назаров, ки дар Сурия қарор дошт, шиносоӣ пайдо намудааст. Дар натиҷа ба даъвати Т.Назаров барои пайвастан ба ташкилоти террористӣ-экстремистӣ розӣ шуда, бо ҳамроҳии ҳамсараш М.Салимова ва се фарзанди ноболиғаш ба Туркия парвоз мекунад. Вале, бинобар баста шудани марзҳо ба Сурия рафта наметавонанд. Баъд аз нокомӣ аҳли оила барои таҳсил дар мадрасаи Маккаи шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Истанбул ба Теҳрон парвоз карданд. Онҳо зимни сафар ба ин шаҳр аз  ҷониби  кормандони  ҳифзи  ҳуқуқ дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шудаанд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 1108
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед