logo

ҳуқуқ

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ДАР ТАЪМИНИ ОН НАМУНАИ ИБРАТ БОШЕМ

Агар ба заминаҳои бунёдии рушди мақомоти судӣ ҳамчун ҳокимияти мустақил назар андозем, пайдост, ки он баъд аз истиқрори сулҳ дар кишвари азизамон ба миён омадааст. Зеро агар татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба сурати умум аз замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда бошад, вале натиҷаҳои чашмраси он чун дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз дар ҳамин давра рӯи кор омад.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, дар Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Барои таъмини ин кафолатҳои конститутсионӣ бошад, яке аз шохаҳои  алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти судӣ вазифадор гардид. Табиист, ки ҳокимияти судӣ ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баамалбарорандаи адолати судӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши марказӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, дар доираи барномаҳои қабулшудаи ислоҳоти судӣ кодексу қонунҳои соҳавӣ тасвиб ва дар сохтори судҳо ниҳодҳои махсус ташкил гардиданд.
Албатта, бо вуҷуди пешравиҳои назаррас ҳанӯз камбудиҳо низ дар фаъолияти мақомоти судии кишвар аз байн нарафтаанд. Нигаронии Президенти мамлакат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба таъхири иҷрои қарорҳои судӣ мо - кормандони соҳаро вазифадор месозад, ки вобаста ба бартараф намудани ин ва дигар мушкилоти ҷойдошта иқдом кунем. Дар фазои сулҳу осоиш ва бо истифода аз шароитҳои мусоид талош намоем, ки вобаста ба таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризми байналхалқӣ, экстремизми сиёсию динӣ корҳои судманд анҷом шаванд. Ба арзишҳои конститутсионӣ эҳтиром гузошта, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар меҳвари кору фаъолияти худ қарор диҳем ва бо ин роҳ дар таъмини волоияти қонун намунаи ибрат бошем.
Абдулҳамиди ИСКАНДАРЗОД,
Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 1070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед