logo

ҳуқуқ

ҶАВОНОН, ВАҲДАТ ВА МАСЪУЛИЯТ

Айни замон дар тамоми митақаҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои васеи оммавӣ, нишасту конфронсҳои илмӣ бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина тарғиби арзишҳои Сулҳу Ваҳдат ҷараён доранд. Чорабиниҳои ҷашнӣ ин ҳақиқатро собит менамоянд, ки мардуми тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа шинохтаанд.

Ба андешаи мо, дар ҷаҳони ноороми имрӯз таблиғи густардаи арзишҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ аз иқдомоти басо муҳиму саривақтист. Зеро вазъи ҳассоси замони муосир, ҳаводиси хунини кишварҳои алоҳидаи сайёра, таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ моро ҳушдор медиҳанд, ки беш аз ҳар вақти дигар арзишҳои сулҳу ваҳдат, амнияту суботи ҷомеаро ҳифзу гиромӣ дорем. Зимнан, бояд ба ин нукта ҳам таваҷҷуҳ кард, ки сулҳу ваҳдати мо ба осонӣ даст надодааст ва расидан ба он бар ивази талафоти сангини ҷонию моддӣ муяссар гардид. Аз он ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, чун сабақи арзишманд, на танҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтааст, бояд ба хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат ҳамеша арҷгузор бошем.
Агар замоне сайёҳону шаҳрвандони хориҷӣ ба далели даргириҳои дохилӣ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ мекарданд, имрӯз чунин нест. Муқовиматҳои мусаллаҳонаи панҷсола кишвари азизи моро дар зеҳни мардуми сайёра минтақаи ноамну хатарзо ҷилва намуда буд ва чунин пиндор ба зудӣ аз мағзҳо рад нашуд. Ҳамакнун, тасаввури ин, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз чунин вазъи харобиовар раҳо гардида, ба кишвари ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон табдил шудааст, осон нест.
Ҳамин ҳақиқати таърихӣ ба ҷаҳониён нишон дод, ки ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Имрӯз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ нақши муассири Президенти маҳбуби моро ба унвони меъмори сулҳ ва таъмини он дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла сулҳи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Дар баробари ин, далели ифтихормандии ҳар яки мост, ки маҷмӯи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ истиқбол ва ҳамовозӣ пайдо мекунанд.
Барои ҳифзи ин ҷойгоҳ ва боз ҳам устувор намудани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, ки, албатта, аз файзи сулҳу ваҳдат аст, мо ҷавонон бояд беш аз дигарон масъулият эҳсос намуда, дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир арзишҳои бузурги миллиро аз манофеи фардиву гурӯҳӣ боло гузорем ва дар пойдориву таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузорем.
Баҳодур ИСОЗОДА,
судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2017    №: 128    Мутолиа карданд: 1165
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед