logo

маориф

ДОВТАЛАБ – 2017. БАЛЛИ ИМТИЁЗӢ ЧИСТ ВА ОН БА КӢ ДОДА МЕШАВАД?

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол аст, ки ҳангоми тақсимоти довталабони аз озмун гузашта ба балли довталабони дорои имтиёз, ки холи гузариши фанниро соҳиб мешаванд, ба андозаи аз 50 то 150 хол баллҳои имтиёзиро илова менамояд.
Баллҳои имтиёзӣ миёни маъюбони гурӯҳҳои 1 - ум ва 2 - юм ва кӯдакони маъюб (150 балл),  ятимони кулл ва бепарастор (150 балл), фарзандони то 21 - солаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд (100 балл), шаҳрвандоне, ки 2 сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмати ҳарбиро адо намудаанд (75 бал), ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (мутаносибан аз 50 то 100 балл), ғолибони озмуну фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи санъат (100 балл), аъзои дастаҳои яккачини варзишӣ - дорандагони унвонҳои Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дараҷаи номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон   (100 балл) тақсим мегардад.
 Дар сурати шомил будани довталаб дар якчанд гурӯҳи имтиёздор, яъне доштани ҳуқуқ барои гирифтани беш аз як имтиёз (ҳам маъюб ҳасту ҳам ғолиби олимпиада, ё ҳам ғолиби олимпиада мебошаду ҳам аз ноҳияи коэффитсиентдор ва ғайра) ба довталаб танҳо балли имтиёзии аз ҳама баланди ба ӯ муқарраршуда дода мешавад. Бояд  таъкид намуд, ки бали имтиёзӣ ба довталабон бо риояи мувофиқати дақиқи дастовардҳо ба ихтисосҳои интихобкардаашон дода мешавад.
Соли 2016 довталабоне, ки барои дарёфти имтиёз аз қайд гузаштанд ва мақомоти дахлдор ин нуктаро расман тасдиқ намуд, 1432 нафарро ташкил дод.
Ҳамчунин, ба довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ихтисоси “Кори момодоягӣ” - и коллеҷҳои тиббӣ вобаста ба макони зист ва муассисаи таълимии хатмкарда тибқи муқаррароти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб гаштан ба холи гузариши фаннӣ балли имтиёзӣ (ба таври коэффитсиент) ба натиҷаи имтиҳони қисми Б илова карда шуд.
Ҳамаи ин ғамхориҳо ба довталабон - ҷавонон ба хотири он аст, ки онҳо ҳар чи бештар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шаванд, ихтисоси писанддидаашонро аз бар ва мутахассисони варзида гардида, ба Ватани азизи худ содиқона хизмат намоянд.  
Мирзошариф ШОДИЕВ, сардори шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Маркази миллии тестӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 1580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед