logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОНИ ШАБГАРД. АЗ БОЗДОШТУ МУҶОЗОТ ТО ДАЪВАТИ ВАЗОРАТ АЗ ВОЛИДОН

Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 июни соли ҷорӣ «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет - кафеҳо дар вақти шабона» ба тасвиб расид. Мувофиқи он воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар чунин марказҳо ва дар вақти шабона ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани онҳо қатъиян манъ гардида, раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он муваззаф шудаанд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бо мақсади иҷрои қарори мазкур ва нақша - чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ 15 июни соли равон кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони вазорат якҷо бо ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт чорабиниҳои мақсаднок гузаронданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони милитсия дар маркази интернет ва бозиҳои компютерии «Патриот», воқеъ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро, ки ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул буданд, дастгир карданд. Дар таҳхонаи чойхонаи «Роҳат», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, ки дар он ҷо маркази бозиҳои компютерии «Реал» ҷойгир аст, шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 8 ва 52, инчунин, таълимгирандагони гимназияи «Ҳилол» боздошт гардиданд. Маълум шуд, ки онҳо аз беназоратии волидон истифода бурда, дар бисёр мавридҳо ба мактаб намераванд ва вақти худро дар марказҳои компютерӣ мегузаронанд.
Бино ба гуфтаи Абдулло Шоев, нозири калони гурӯҳи матбуотии хадамоти мазкур, чунин чорабиниҳо, ҳамзамон, бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳандозӣ мешаванд. Дар ҷараёни гузарондани санҷишҳои муштарак ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи қонун аз ҷониби волидони ноболиғон ошкор гардиданд. Падару модари ноболиғону ҷавонони боздоштшуда мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунанда муҷозот шуданд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала, тавассути сомонаи интернетии худ аз падару модарон даъват ба амал овардааст, ки рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорати доимӣ қарор дода, нагузоранд, ки ба корҳои беҳудаю зараровар машғул шаванд.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 1177
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед