номаҳо
МАҒОЗАИ КИТОБ СОБИҚ ШУД. ЧАРО?
Ҳар гоҳе гузарам ба шаҳри Конибодом меафтод, ҳатман ба мағозаи китоби он медаромадам. Рафҳояш пур аз ғизои маънавӣ – китобҳои рангину ҷолибу хонданӣ буд. Барои худ, фарзандон ва наздикон китобҳои заруриро мехаридам.
Мушоҳида менамудам, ки дар шаҳр талабгорони китоб, хоса китобҳои илмӣ, бадеӣ кам нестанд. Бархе адабиёти дилхоҳашонро аз фурӯшандаи мағоза суроғу дархост мекарданд.
Чанде пеш дар ин шаҳр меҳмон будам. Аз рӯи одат хостам, ки ин боргоҳи маърифатро ҳатман зиёрат бинамояму китобҳои тозанашрро бихарам. Мутаассифона, ин бор дари онро баста ёфтам. Пиндоштам, ки пас аз чанд дақиқа ва ё соате дари мағозаро мекушоянд. Не… Гуфтанд, ки беҳуда интизор нашавам. Собиқ мағозаи китобро ба соҳибкоре фурӯхтаанд.
Аҷабо! Чӣ гуна метавон тасаввур кард, ки як шаҳри калон мағозаи китоб надошта бошад? Ҳол он ки тибқи дастур бояд мағозаҳои китобфурӯшӣ бунёд ёбанд ва ҳам ададашон зиёд шаванд. Инчунин, бо адабиёти тозанашр пайваста таъмин гарданд.
Бо ирсоли ин нома ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва нашри он мехоҳам масъулон барои рафъи камбудии мазкур тадбири дуруст биандешанд. Агар не, ин шаҳр ягона шаҳре хоҳад монд, ки ягон мағозаи китобфурӯшӣ надорад.
Х. ҶУМЪАЗОДА, шаҳри Конибодом
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.06.2017 №: 130 Мутолиа карданд: 2649