logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҲАЙАТИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

19 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони  Бонки  Осиёии   Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар давоми 20 соли охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ин давра аз ҷониби бонки мазкур соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, Бонки Осиёии Рушд ба калонтарин шарики рушди мамлакат табдил ёфтааст.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушдро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз самтҳои афзалиятнок дар ҳамгироиҳои минбаъда арзёбӣ намуда, истифодаи пурраи имкониятҳои истифоданашударо барои беҳбудии равобити дуҷониба муҳим шумурданд.
Дастгирӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётии барои рушди тиҷорати минтақавӣ аҳамиятдошта, аз ҷумла таҷдиди марҳалаи аввали қитъаи роҳи Оби Гарм – Роғун - Нурободи нави шоҳроҳи автомобилгарди Ваҳдат – Рашт - сарҳади Қирғизистон (Ваҳдат - Қарамиқ), лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, ки дар таҳқими иқтидори истеҳсолию интиқоли неруи барқ, ки дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоии минтақа нақши калон доранд, ҷалби маблағҳои иловагӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ногувори офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои марбут ба суботи молиявӣ ва мувозинати буҷет, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ниёз дорад, аз самтҳои нав ва барои ҳар ду ҷониб манфиатбори ҳамкориҳо маънидод гардид.
Изҳори бовар карда шуд, ки бо талошҳои муштарак дар татбиқи ҳадафҳои дуҷониба ва тақвияти боз ҳам бештари муносибатҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд муваффақият ба даст оварда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2017    №: 130    Мутолиа карданд: 2136
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед