logo

ҳуқуқ

ҚОНУНШИКАНӢ. БОЗ ДАР БОРАИ ҚОЧОҚ

Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳрӯзаи моҳи июн қонуншиканиҳои зиёди  гумрукиро ошкор сохтанд, - иттилоъ доданд ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти хадамот. Дар миёни онҳо воридоти молу маҳсулот бидуни муоинаи гумрукӣ (қочоқ) ва напардохтани маблағҳои гумрукии муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар мавқеи асосӣ доранд. Қочоқгарон бо ҳар роҳу восита – пинҳонӣ бе муоинаи гумрукӣ ворид намудани мол, фиребгарӣ дар нишон додани нарх ва номгӯи маҳсулот бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба буҷети давлат зарари калон мерасонанд.
Кормандони раёсати минтақавии гумрук дар минтақаи Суғд ва прокуратураи вилоят зимни як амалиёти муштарак дар анбори корхонаи собиқи гаҷбарории шаҳри Исфара 440 халта, ҷамъ 20 тонна донаи зағири истеҳсоли Қазоқистонро  ошкор сохтанд. Соҳиби мол шаҳрванди Тоҷикистон Д. А. ин миқдори калони маҳсулотро, ки арзиши умумиаш, тибқи хулосаи мутахассисони маркази ҷумҳуриявии  экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ, 160 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад, ғайриқонунӣ , бе назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави кишвар ворид намудааст.
 Кормандони ҳамин раёсати хадамот ҳангоми гузарондани як амалиёти гумрукӣ аз хонаи сокини шаҳри Исфара шаҳрванд С.О. 1300 баста, ҷамъ 31200 дона нӯшокии қувватбахши  намуди «XL» - и истеҳсоли Лаҳистонро дарёфт ва мусодира карданд. Арзиши умумии мол, тибқи хулосаи коршиносон, 168480 сомонист. Маълум шуд, ки соҳиби мол шаҳрванд Ғ.О., сокини шаҳри Исфара, маҳсулоти қочоқиро аз Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандони номаълуми ин кишвар пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ворид намудааст.
Аз тарафи кормандони раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ва прокуратураи вилоят, ҳамчунин, аз анбори корхонаи «Роҳи Сомон» - и шаҳри Хуҷанд 480 адад телефони мобилии тамғаи «Samcynq SM B 350 E» (истеҳсоли Чин), ки арзиши умумиашон 160800 сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид. Ин мол низ тариқи қочоқ - бидуни назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид гардида, соҳибаш шаҳрванд А.А., сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, онро дар яке аз анборҳои шаҳри Хуҷанд пинҳон намудааст.
Сокини  39 – солаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон мехост 14 адад тангаҳои гуногун ва як нишони сарисинагиро ба шаҳри  Маскав  интиқол диҳад. Мувофиқи ташхису  хулосаи мутахассисони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ, моли ошкоршуда аҳамияти таърихӣ, нумизматикӣ ва осорхонавӣ дошта, тибқи қонунгузории кишвар, бе иҷозати идораҳои масъул ба берун аз қаламрави Тоҷикистон интиқол додани онҳо манъ аст. Тангаҳои мусодиракардашуда дар асрҳои 17 – 18 (заробхонаи Ҳисор) ва 19 – 20 сикка зада шудаанд.
Кормандони раёсати минтақавии гумрук дар ВМКБ дар дидбонгоҳи гумрукии Қизил – Арт мошини сабукрави тамғаи «УАЗ – 469» - ро, ки таҳти идораи ронанда О. А., сокини ноҳияи Мурғоб, қарор дошт, барои муоина боздошт  намуда, аз дохили он 720 шишаи 0,5 – литраи арақи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистонро дарёфт ва мусодира карданд. Маҳсулот ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бор надошт. Маълум гардид, ки машрубот ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон М. А., ки ҳоло муваққатан дар шаҳри Хоруғ истиқомат мекунад, тааллуқ дорад.
  Зимни як амалиёт кормандони раёсати ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои Хадамоти гумрук аз соҳибкори тоҷик Х. Х. 20 номгӯи моли қочоқро, аз қабили чой, ҳалво, кафел, либос, қолин, селофан, дар 6 вагон пинҳонӣ, бо таҳрифи ҳуҷҷатҳо, бе баённома (декларатсия), бидуни барасмиятдарории гумрукӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Оид ба ҳолатҳои зикршуда мутобиқи моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, барои идомаи тафтиш аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба мақомоти дахлдор супурда шуд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 1103
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед