logo

ҳуқуқ

ОҚИБАТИ ҶИНОЯТ ҶАЗО. ЯК УЗВИ ҲИТ 5 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД

Суди вилояти Хатлон Отабек Алимов, сокини 26-солаи ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизби исломии Туркистон”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Отабек Алимов барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ки дар моддаи 187 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, гунаҳкор дониста шуд.
Бино ба иттилои Сайфиддин Муҳиддинзода, судяи Суди вилояти Хатлон, Отабек Алимов ҳанӯз солҳои 2010-2011 бо ҳамсинфаш Суннатулло Нуриддинов ба наворҳои ҷангиён ва саркардаҳои “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, ки фаъолияташ бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст) дастрасӣ пайдо намуда, баъд аз тамошои он қарор додаанд, ки ба сафи ин ташкилот пайваста, бар зидди “кофирон” “ҷиҳод” мекунанд. Номбурда зери таъсири ҳамин андеша ва таблиғи ҳамдеҳаҳояш Юнусжон Саидову Суннатулло Нуриддинов моҳи июли соли 2011 бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Маскав рафтааст.
Тавре дар мурофиаи судӣ маълум гардид, Илҳомжон Саломов ном таблиғгари “Ҳизби исломии Туркистон”, ки дар Федератсияи Русия сукунат дошт, онҳоро ба чунин гумроҳӣ андохтааст. Баъд аз мағзшӯӣ Юнусжон ҳамроҳи се шаҳрванди Тоҷикистон ба Озайрбойҷон рафтанд. Мусофирон се рӯз дар меҳмонхона будубош карда, пасон ба Зоҳидони Эрон ва аз он ҷо ба минтақаи Шактуи вилояти Вазиристони Покистон, ки пойгоҳи низомии “Ҳизби исломии Туркистон” ҳамон ҷо воқеъ буд, сафар намуданд.
Дар Покистон Отабеку ёронаш ба Усмон ном амири ҳизби номбурда қасам ёд карда, шомили ин созмони ифротию террористӣ гардиданд. То моҳи майи соли 2013, яъне тақрибан ду сол дар асоси барномаи “Ҳизби исломии Туркистон” таълимоти ҳарбӣ гирифта, якҷо бо дигар аъзои ин иттиҳоди ҷиноятӣ  пойгоҳи  низомии “ҲИТ”, воқеъ  дар минтақаи Шактуи Вазиристони Покистонро ҳимоя кардааст. Ӯ, инчунин, истифодаи намудҳои гуногуни силоҳу воситаҳои тарканда ва дигар фаъолияти дорои хусусияти террористию экстремистиро омӯхт.
Отабек Алимов дар Ҷумҳурии Исломии Покистон тибқи 7 моддаи қонуни ҷиноятии он кишвар маҳкум ба зиндон гардида, 2 марти соли 2017 бо ҳукми суд сафед ва озод ва ба Тоҷикистон баргаштааст.
Мутаассифона, тайи чанд соли охир шумораи зиёди ҷавонон аз деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ пайвастаанд. Чунончи, танҳо дар давоми солҳои 2008-2012 беш аз 30 сокини ҷавон аз ин маҳали ӯзбекнишин бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” боздошт шудаанд. Зимнан, суди вилояти Хатлон танҳо дар панҷ моҳи соли 2017-ум 28 парвандаи ҷиноятиро алайҳи 30 нафар баррасӣ кардааст, ки онҳо дар пайравӣ ва узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ айбдор шудаанд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132    Мутолиа карданд: 1306
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед