logo

ҳуқуқ

ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ. ШАРТИ МУҲИМИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА ВА РӮЗГОРИ ПУРСАОДАТ

Иродаи ваҳдатгароӣ ва шинохти арзишҳои меҳварии истиқлол метавонад қавму миллатҳоро дар баробари таҳдиду хатарҳои давру замон ҳифз намояд. Ин амр дар ҷаҳони пуртазоди муосир аҳамияти бештар пайдо намуда, иттиҳоду ҳамбастагӣ шарти муҳими зиндагии осоишта, рӯзгори пурсаодат ва, муҳимтар аз ҳама, омили мубориза алайҳи зуҳуроти бегона дониста мешавад.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ба тарғиби тафаккури ваҳдатгароӣ, арзишҳои башариву ҳамзистӣ авлавият медиҳад. Воқеияти таърихист, ки кишвари соҳибистиқлоли мо, танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ ба муваффақиятҳои чашмрас ноил шуд. Тавассути сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат чеҳраи воқеии халқи тоҷик ҳамчун миллати сулҳҷӯву ваҳдатгаро муаррифӣ гардида, муаллифи чандин ташаббусҳои байналмилалӣ ба нафъи аҳли башар гардид.
Мусаллам аст, ки пешрафти ҳама соҳаву бахшҳои ҷомеа бе заминаҳои қонунӣ ва асосҳои ташкилӣ - ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, масъалаи мавриди назар дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, барои бунёди ҷомеаи навини шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёду демократӣ заминаҳои қонуниву фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шуданд.
Дар заминаи рушди низоми ҳуқуқӣ таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор гирифт. Зимнан, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба мо лозим омад, ки барои таъмини шинохти пурра ва муаррифии Тоҷикистон ба сифати узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар харитаи сиёсии дунё ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр зуҳур намуд, чандин конвенсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонем. Дар ин замина санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсон эътироф гардида, дар Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуданд. Барои таъмини ин кафолатҳои конститутсионӣ бошад, яке аз шохаҳои  алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти судӣ вазифадор гардид.
Маҷмӯи тадбирҳои давлатӣ ва такмили қонунгузорӣ, ки асосан баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ иттифоқ афтоданд,  ба фаъолияти мустақилона ва бидуни дахолати мақомоти судии кишвар асос гузоштанд, ки ин раванд ба таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон комилан мусоидат намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, татбиқи адолати судӣ таъкид намуда, зикр менамоянд, ки «адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад». Ин баҳои Сарвари давлат мо-кормандони мақомоти судии кишварро уҳдадор менамояд, ки дар фазои сулҳу осоиш ва бо истифода аз шароитҳои мусоид талош намоем, то вобаста ба таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсию динӣ корҳои судманд анҷом шаванд.
Сайфиддин КАМОЛЗОДА,
раиси суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2017    №: 133    Мутолиа карданд: 1233
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед