logo

энергетика

НЕРУГОҲИ ҚАЙРОҚҚУМ ТАҶДИД МЕГАРДАД

Бар асоси Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО - и Қайроққум», ки рӯзи 21 июн дар порлумони кишвар ба тасвиб расид, НБО - и «Қайроққум» навсозӣ хоҳад шуд.

Ғолиб Убайдуллозода, муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», зимни ташреҳи созишнома зикр кард, ки неругоҳи мазкур солҳои 1956 - 1957 бунёд гардида, айни замон таҷҳизоти он куҳнаву фарсуда ва ниёз ба навсозӣ дорад. Назар ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ иқтидори неругоҳ аз 126 мегаватт ба 170 мегаватт расонда мешавад. Вобаста  ба маблағгузории марҳалаи якуми лоиҳаи таҷдиди неругоҳ 25 июли соли 2014 байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаҳо ба маблағи 71 миллион доллари ИМА ба имзо расиданд. Марҳалаи аввали лоиҳа иваз намудани ду агрегат, таҷҳизоти механикию барқӣ ва таҷдиди сарбанди бетониро дар бар мегирад. Доир ба маблағгузории марҳалаи дуюм, ки беш аз 120 миллион долларро ташкил медиҳад, гуфтушунидҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд идома доранд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Созишномаи молиявӣ ва грантӣ оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба тасвиб расид. Ҷамшед Нурмаҳмадиён, муовини вазири молия, изҳор дошт, ки маблағи созишнома 31,8 миллион долларро ташкил дода, аз ин 5,85 миллион доллар грант ва 19, 25 миллион доллар қарзи Бонки Осиёии Рушд, 3 миллион доллар гранти Фонди Ҷопон ва 3, 7 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронда шудааст. Мақсади асосии лоиҳа ба кор даровардани инфрасохтори обёрӣ тавассути азнавсозӣ мутобиқ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур барои пурра ба кор даровардани инфрасохтори идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати заминҳои обёришаванда тавассути азнавсозӣ ва таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ равона шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли  равон оғоз ва то соли 2022 идома хоҳад ёфт.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2017    №: 133    Мутолиа карданд: 17610
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед