logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Сипас, ҳисоботи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ тавассути ташкил намудани системаҳои иттилоотӣ ва таъмини рушди он, аз ҷумла ташкили мубодилаи байниидоравии иттилоот дар мақомоти давлатӣ, қабул карда шудааст.
 Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд раиси ноҳияи Зафаробод гузориш дод. Зикр карда шуд, ки дар нақшаи генералии мазкур рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраки Зафаробод бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ то соли 2035 барои 90 ҳазор нафар таҳия шудааст.
Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумати кишвар, инчунин, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла дар хусуси лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» - ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин пешниҳоди 5 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ирсол карда шуд.
Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои ташкили хуби истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва маводи сӯзишворӣ, риояи қатъии қоидаҳои зиддисӯхтор чораҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат бори дигар дар арафаи Иди саиди Фитр ба кулли шахсони эҳтиёҷманд додани фитри рӯзаро ёдрас намуда, супориш доданд, ки ба хотири мусоидати бештар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мардум бояд дар вақти оростани дастархони идона ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2017    №: 133    Мутолиа карданд: 7778
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед