logo

паёмҳо

ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, шаҳри Душанбе, 26 июни соли 2017

Ҳамватанони азиз!
Бо эҳсоси шукронаву қаноатмандӣ аз рӯзгори ободу озоди мардуми шарифамон ва фазои орому осоиштаи мамлакатамон ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати Ҷашни бистсолагии Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози истиқлолият дар натиҷаи фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.
Ин воқеаҳои даҳшатбор, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқӯъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд.
Ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид гардида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд. Дар баробари ин, гурӯҳҳои алоҳида аз нооромии ҷомеа истифода намуда, молу амвол ва таҷҳизоти бисёр корхонаҳои саноатии мамлакатро берун аз марзи кишварамон бурданд.
Дар он айём хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд. Душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик низ амалӣ гардидани ҳамин нақшаи даҳшатноку фоҷиаборро мехостанд. Аммо фарзандони асил ва бонангу номуси миллат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ ба талошу мубориза бархостанд ва собит сохтанд, ки миллате чун тоҷикон бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ наметавонад бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд гардад.
Майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бонангу номуси Тоҷикистон низ ин буд, ки сулҳу оромӣ дар кишвар ҳар чи зудтар барқарор гардад. Ҳарчанд ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тӯлониву пурмашаққат буд, хушбахтона ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқи тоҷик бо сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ анҷом пазируфт, ки он имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Баъди истиқрори сулҳ барқарор кардани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи мо оғоз ёфт ва минбаъд ба таҳкими пояҳои рушди иқтисоди миллӣ равона гардид.
Мо дар ин замина фарҳанги сулҳро ҳамчун унсури бунёдии сиёсати худ қарор дода, муносибатро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон барқарор намудем ва дар ин марому маслак то ба имрӯз собиту устувор ҳастем.
Мардуми шарифи кишвар ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.
Дар шароити кунунӣ бидуни тақвияту таҳкими заминаҳои иқтисодӣ беҳтар намудани некуаҳволии мардум ва устувории ваҳдату ягонагӣ ғайри қобили тасаввур аст. Чунки маҳз иқтисодиёти рушдёфта ва истеҳсолоти муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир яке аз омилҳои таҳкими суботу оромии ҷомеа ва пойдории ваҳдати миллӣ мебошад.
Бо ин мақсад, мо таваҷҷуҳи асосиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, сохтмони роҳҳо ва корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ равона карда, то имрӯз дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Бахусус, аз бунбасти дохилии коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар муваффақияти бузурги халқамон буда, ҳоло ба шарофати он Тоҷикистон ба як қаламрави воқеан воҳид табдил ёфта, рафтуомади озодонаи сокинони ҳамаи минтақаҳои мамлакат ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар чор фасли сол таъмин гардидааст.
Истиқлолияти энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳимтарини таҳкиму тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар буда, Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дар ин самт ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонда истодааст.
Андешаи муттаҳидсози афроди миллат бо ташаккули маънавиёти ҷомеа, пойдории амнияти ҷомеаву давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ робитаи мустақим дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти ҷомеа ворид шудани унсурҳои фарҳанги бегона ва вусъат гирифтани фаъолияти ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву иртиҷоӣ моро водор месозад, ки ба хотири ҳифзу густариши арзишҳои неки миллӣ чораҳои муассир андешем.
Дар чунин вазъият моро зарур аст, ки барои тарбияи наслҳои огоҳу бедор талош намоем, онҳоро дар рӯҳияи ҳифзи истиқлолияту озодӣ ба воя расонем, то ки фарзандони мо оянда барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлати соҳибихтиёрамон омода бошанд.
Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.
Итминон дорам, ки мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон минбаъд низ бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбанд.
Бо эътимоди комил ба ин фазилати мардуми соҳибмаърифату сарбаландамон, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати Ҷашни бистсолагии Ваҳдати миллӣ табрик мегӯям ва орзу менамоям, ки дар хонадони ҳар яки шумо чароғи муқаддаси сулҳу оромӣ ҳамеша фурӯзон бошад.
Ҷашн муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 9703
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед