logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҚОТИЛ. 30 сол аз озодӣ маҳрум гашт
Суди шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Рӯдакиро барои қатли бераҳмона бар асоси моддаҳои 104, қисми 2 ва 249 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Баҳрулло Мирзоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия суд шудааст, дар куштори Савринисо Иззатуллоева, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Ғуломов 117, хонаи 47 гунаҳкор ва равонаи зиндон шуд.
Бино ба иттилои Маҳмадшариф Раҳмонзода, судяи суди шаҳри Душанбе, суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин ҳодиса муайян кард, ки Баҳрулло Мирзоев тавассути рӯзномаи “Рекламная газета” ба эълон дар бораи хизматрасонии маҳсгарӣ таваҷҷуҳ карда,  бо Савринисо Иззатуллоева дар тамос ва баъдан бо ӯ шиносоӣ пайдо мекунад. Номбурда ду маротиба-моҳҳои август, сентябр ба хонаи истиқоматии С. Иззатуллоева омада, бо пардохти маблағи муайян аз хизматрасонии ӯ истифода мекунад.
Баҳрулло моҳи ноябри соли 2015 қарздор шуда, барои пардохти он бо нақшаи пешакӣ 24 ноябри соли 2015 ба С. Изатуллоева занг зада, оид ба гирифтани маҳс маслиҳат кардааст. Бо мақсади пинҳон намудани шахсияташ ӯ курткаи зимистонаи сарпӯшдор пӯшида, ба хонаи маҳсгар рафтааст.
Пас аз анҷоми маҳс Баҳрулло бо баҳонаи нӯшидани об ба ошхона рафта, корди хоҷагиро гирифта, бо бераҳмӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими С. Изатуллоева шонздаҳ зарба зада, ӯро ба ҳалокат расондааст. Қотил баъд аз куштор аз гардани марҳум гарданбанди тилло ва аз дохили чойник 550 сомонӣ, аз болои ҷузвдон 2 адад ангуштарини тилло ва 2 телефони мобилии тамғаи “Нокиа”-ро тасарруф намудааст.
Тилловориҳои тасарруфнамудаашро ба маблағи 870 сомонӣ фурӯхта, ҳамон рӯз боқимондаи қарзашро дар назди филиали ТХҚ “Имон интернейшнл” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва чанд хеши дигараш пардохт намуда, боқимондаашро ба манфиати худ харҷ кардааст. 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 1112
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед