туризм
САЙЁҲИИ ТАЪРИХӢ – ФАРҲАНГӢ. БА ОН ТАВАҶҶУҲИ ЗАРУРӢ ЗОҲИР НАМЕШАВАД
Сайёҳии фарҳангӣ яке аз навъҳои маъруф ва оммавӣ ба ҳисоб рафта, дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Кишвари мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ мебошад ва он диққати зиёди сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Инчунин, дар замонҳои қадим аз ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон яке аз шохаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим мегузашт, ки ин низ метавонад дар равнақу ривоҷи ин навъи сайёҳӣ нақш гузорад.
Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ - фарҳангии Вазорати фарҳанг соли 2009 дар шаҳри Сеани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳашт ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва меъмории кишвар – ёдгориҳои асри миёнаи Панҷакенти Қадим, Бунҷикат, шаҳри Ҳисор, Тахти сангин, дайри баддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷамашҳад, шаҳри Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахум ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Хушбахтона ҳамаи онҳо номнавис гардиданд. Мувофиқи рӯйхати пешакӣ, ки бо пешниҳоди мақомоти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси харитаи бостоншиносии навоҳӣ соли 2016 тартиб ёфтааст, дар кишвар 3047 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ мавҷуд аст. Вале ин рақам ниҳоӣ набуда, бо назардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо меафзояд. Ин ёдгориҳоро метавон барои рушди минбаъдаи ин навъи сайёҳӣ истифода бурд ва бо ин васила ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат кард.
Аммо, мутахассисон иброз медоранд, ки иқтидори мавҷудаи сайёҳии таърихиву фарҳангӣ дар мамлакат ба таври зарурӣ ба кор намеравад. Роҳбаладони соҳа дар бораи мавзеъҳои таърихии мамлакат, ки хеле ҷолибу диданианд, маълумоти кофӣ надоранд ва ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ маълумоти муфассалу фарогирро манзур дошта наметавонанд. Баръакс, баъзан гидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, ба туристон дар бораи мамлакатамон маълумоти ҷолиб пешниҳод менамоянд. Ғайр аз ин, дар сомонаҳои ширкатҳои сайёҳӣ маълумот нав намешавад. Иттилои мавҷуда ниҳоят кам ва қонеъкунанда нест. Умуман, тамоми иқтидори сайёҳии таърихиву фарҳангӣ мавриди истифода қарор намегирад. Ин боиси аз инкишоф бозмондани на танҳо сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ, балки дигар навъҳои он низ мегардад.
Ба сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ ҳамчунин, туризмҳои маърифатӣ, омӯзишӣ ва этнографӣ дохил шуда метавонанд. Зеро сайёҳон дар баробари сайр дар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳамзамон бо тарзи зисти мардуми маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои сокинон бохабар мешаванд.
Пурсишҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки туризми таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон афзалияти бештар дорад. Барои рушди туризми таърихию фарҳангӣ мавҷудияти осори ғании ниёкони тоҷик, ҷойгиршавии ёдгориҳои зиёди сабтгардида ва онҳое, ки барои шомил гаштан ба феҳристи объектҳои ҳифзшавандаи ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд, мусоидат менамоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.06.2017 №: 136 Мутолиа карданд: 2855