logo

ҳуқуқ

БОНУВОН ВА УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

Боиси хушҳолист, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва 20 соли Ваҳдати миллӣ бо эҳтимоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа ҷойгоҳи шоиста дарёфт. Бо мақсади таъмини иштироки ҳар чи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  як зумра санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намуданд.
Мо, занону бонувони тоҷик, аз он сарфарозем, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба масъалаи беҳдошти вазъи иҷтимоии занон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор ва арзандаи фаъ-олият таклифу пешниҳодҳои мушаххасу асоснокро ба миён мегузоранд. Ҳамасола ба муносибати таҷлили Рӯзи модарон дар маросими бошукӯҳи расмӣ суханронӣ намудани Президенти маҳбуби кишвар далели ин гуфтаҳост. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 22 декабри соли 2016, бо назардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ду пешниҳод намуданд, ки ҳадаф аз онҳо низ ҳимояи мақоми ин табақаи фаъоли иҷтимоии мамлакат мебошад. Аввалан, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд. Чунин иқдом имкон медиҳад, ки аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то зинаҳои болоӣ духтарону бонувони бомаърифат, фаъолу ташкилотчӣ ва пешқадаму ташаббускор ба кор ҷалб шаванд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд. Дуюм, бо мақсади ҷалб кардани занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ дастур доданд,  ки минбаъд ба кор духтарону бонувони болаёқату соҳибкасбро даъват намоянд, то дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад.
Яке аз ташаббусҳои пурарзиши дигари Пешвои муаззами миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ин ҷудо намудани Квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷиб ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардондани занон мусоидат намуд. Бино ба маълумоти мавҷуда аз соли 1997, яъне аз оғози ҷорӣ гардидани квотаҳои президентӣ беш аз ёздаҳуним ҳазор нафар духтарон бо истифода аз ин имконият ба мактабҳои олӣ дохил шуда, баъд аз хатм дар соҳаҳои гуногун ба фаъолият пардохтанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», аз 3 декабри соли 1999, ки он дар арсаи ҷаҳонӣ дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид месозад, дар мақомоти идораи давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам омадааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд. Имрӯз теъдоди ҳар чи бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Айни замон, 70 дарсади кормандони соҳаи маориф ва 60 дарсади кормандони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Сол ба сол афзоиши шумораи занон дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар низ натиҷаи тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Наргис ХОҶАЕВА,
устоди кафедраи ҳуқуқи судӣ ва
назорати  прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2017    №: 137    Мутолиа карданд: 1208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед