фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қурбониён Тоҷиддин Мирзо бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда шавад.
Ваколати судяи суди шаҳри Ваҳдат Қурбонзода Қудратулло Саид бинобар вафоташ қатъ карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 июни соли 2017, № 894
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2017 №: 137 Мутолиа карданд: 2734