logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ-узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Дар замони шӯравӣ 28 сол кор карда, ба нафақа баромадам. Ба ман 97 рубл нафақа таъйин карданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ нафақаам аз 2 сомонӣ ба  265 сомонӣ расид. Соли 2015-ум, намедонам бо кадом сабаб, нафақаам  65 сомонӣ кам шуд. Соли гузашта дар асоси Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафақаамро дар ҳаҷми 48,80 сомонӣ зиёд карданд. Бигӯед, ки соли 2015 дар кадом асос нафақаи ман 65 сомонӣ кам шуд?
Муҳаммадюсуф Ибодов,
сокини ноҳияи Нуробод, нафақахӯри 87 - сола
 
- Ба саволи шумо чунин посух мегӯем, ки соли 2015 ягон санади ҳуқуқӣ дар бораи кам кардани андозаи нафақаи шаҳрвандон ба тасвиб нарасидааст ва ё ба қонунгузории амалкунанда оид ба таъмини нафақаи шаҳрвандон низ дар ин бобат тағйирот ворид нагардидааст. Бинобар ин, ба шумо тавсия дода мешавад, ки барои муайян кардани сабаби кам гардидани андозаи нафақаатон ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии маҳали зистатон муроҷиат намоед.
* * *
- Тақрибан панҷ сол мешавад, ки ба фаъолияти репетиторӣ-омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул мебошам. Ин корро баъзан дар манзили истиқоматиам ё дар дигар ҷойҳо анҷом медиҳам. Бигӯед, ки барои барасмиятдарории ин фаъолият ба куҷо бояд муроҷиат кунам?
С. АДҲАМ, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ, ки ба гирифтани даромад равона шудааст, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисоб мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда бояд аз қайди давлатӣ гузарад. Яъне, мувофиқи номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ мегардад, фаъолияти шумо бояд дар нозироти андози маҳали фаъолиятатон ба қайд гирифта шавад. Пас аз ин, дар нозироти андоз ба шумо барои машғул шудан ба хизматрасонии таълимӣ - репетиторӣ патент дода мешавад. Баъди аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштан, шумо метавонед дар асоси шартномаи хаттӣ бо мизоҷон расман ба фаъолият оғоз намоед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 1205
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед