logo

илм

МУАРРИХ ВА ҶОМЕАШИНОС

Шиносоӣ бо ҷустуҷӯву дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода гувоҳӣ аз он медиҳад, ки  пажӯҳишҳои доманадори худро бо хидмати содиқона дар ниҳоди бонуфузи давлатӣ бо ҳам пайваста, дар ҳар ду самт ҳам комёб гаштааст.
Ӯ соли 1989 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи рушди соҳаи макотиби олии Тоҷикистон дар солҳои 70 – 80 - уми асри ХХ ва рисолаи докториашро соли 2000 - ум дар мавзӯи “Таҷрибаи таърихии тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон” (солҳои 1946 - 1991)  дифоъ менамояд.
Соли 1993 Абдуфаттоҳ Шарифзодаро ба Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват менамоянд. Ӯ дар вазифаҳои мушовир - сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати байни ҷавонон, ёрдамчӣ ва мудири котиботи Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда, дар ҳамин давра асарҳои “Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъвати якум (солҳои 1995 - 2000), Санкт – Петербург: Спец-лит., 1998 ва “Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъвати дуюмро (солҳои 2000-2005), Москва: Радуница, 2002 ба нашр мерасонад.
Саҳми ӯ дар таҳия ва ба нашр расондани асари дастаҷамъии «Бунёди давлатдории навин», (Бахшида ба даҳсолагии даъвати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Москва: Радуница, 2002, ки аввалин кор дар мавриди таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, аз ҷониби шахсиятҳои маъруфи илму сиёсати Тоҷикистон навишта шуда буд, сазовори таъкиди махсус аст. Дар ин китоб бахши хеле муҳими ин асар – баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти кишварро бо муҳокима ва натиҷагириҳои қавии илмӣ ба қалам додааст.
Соли 2000 - ум дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ширкат намуда, аз ҳавзаи интихоботии № 22, Айнӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад. Солҳои 2000-2003-ум ӯ узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, муовини раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф дар шаҳри Санкт-Петербург, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон фаъолият мекунад. Дар ин давра лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ»-ро таҳия ва ба парламент пешниҳод намудааст.
Абдуфаттоҳ Шарифзода фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятиву сиёсии хешро тавассути ширкат дар барномаҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзии Хабаргузории Иттилоотии Бюрои оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанги ИМА дар мавзӯи: «Омӯзиши таҷрибаи кори Конгресси ИМА» дар Вашингтон (ИМА), соли 1996, Ташкилоти ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Япония дар мавзӯи: «Раванди демократикунонӣ ва парламентаризм» дар Токио ва Киотто (Япония), соли 2002, Ташкилоти байналмилалии оммавии Британияи Кабир дар мавзӯи: «Пешрафти одоб ва стандартҳои касбӣ дар таъминоти ҷамъиятӣ» дар Лондон (Британияи Кабир), соли 2002 ва барномаи махсуси Боварӣ ба Ҳукумати Австралия дар мавзӯи: «Омӯзиши сохтори идораи давлатӣ ва хизмати давлатии Австралия» дар Сидней ва Канберра (Австралия), соли 2003 сайқал додааст.
Муаллифи 12 асари илмӣ, беш аз 50 асари илмӣ-оммавӣ, 150 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба проблемаҳои маориф, мактаби олӣ, парламентаризм, таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон мебошад. Асарҳои «Таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон», «Таҷрибаи таърихии тайёр намудани мутахассисон дар системаи таҳсилоти олии Тоҷикистон», «Таърихи мактаби олии Тоҷикистон», «Муассисаҳои олии таълимӣ дар Тоҷикистон», «Алоқаҳои байналмилалии муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон», “Тоҷикистон-20”, “Тоҷики оламшумул”, (бо чор забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ) “Наҷотбахши миллат” (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳ”, (бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ), Брюссел: Big Media Group, 2012, “Фархундапай”, “Маорифпарвар”, "Пайвандгар”, “Бунёдкор”, “Президент” ( Саҳми Президенти мамлакат дар пойдорсозии ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ) ва ғайра далели муътамад ва бебаҳси нақши босазои нишонгари саҳми сазовори ӯ дар омӯзиш ва баррасии таърихи муосири Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Абдуфаттоҳ Шарифзода муаллифи силсилаасарҳо доир ба фаъолияти рӯзмарраи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, то имрӯз дар ин мавзӯъ 25 ҷилд китобҳоро, ки ифодакунандаи заҳматҳо, фаъолияти ҳамарӯза ва мақоми беназири Сарвари давлат  дар бунёд ва ташаккули давлатдории миллӣ мебошанд, ба табъ расондааст.
Дар асарҳо ва китобу мақолоташ муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳои узви ИДМ, аз ҷумла Россияву Қазоқистон, мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Арабистони Саудиву Қатар, ИМА ва Ҷумҳурии Мардуми Чин дар мисоли китобҳои “Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон”, “Эмомалӣ Раҳмонов – Пайвандгари дӯстии Тоҷикистону Россия” ва “Музокироти дуҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ” (солҳои 2007 - 2008) васеъ инъикос шуда, аз паҳлуи дигар дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистонро дар рӯ ба рӯи хонандагон боз мекунад.
Аҳамияти илмии асару мақолоти Абдуфаттоҳ Шарифзода дар баробари баррасиҳои амиқрав ва мантиқи қавии илмӣ дар он низ ифода меёбад, ки ӯ дар доираи тадқиқоти хеш аз маводи нодири сарчашмавӣ васеъ истифода намудааст ва барои тадқиқу баррасии минбаъдаи таърихи муосири Тоҷикистон басо муҳим мебошанд ва мавриди баҳрабардории ҳамаҷониба қарор гирифтаанд.
Фаъолияти илмии Абдуфаттоҳ Шарифзода дар омӯзиш ва баррасии таърихи мактаби олии Тоҷикистон, таърихи парламентаризми миллӣ, таърихи гуногунҷабҳаи замони истиқлолият, ки як падидаи ҷолиб ва пураҳамияти илми таърихнигории муосири тоҷик шинохта шудааст, худ далели гӯё ва муътамади он аст, ки ин муҳаққиқи заҳматписанд дар воқеъ сазовори унвони узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Раҳим МАСОВ,
академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 19539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед