logo

ҳуқуқ

МАСНУОТИ ЗАРГАРӢ. ПЕШИ РОҲИ ҚОЧОҚ ГИРИФТА МЕШАВАД

Ҷиҳати иҷрои банди 8 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29 апрели соли 2016, бо мақсади роҳ надодан ба қочоқи маснуоти заргарӣ, кам кардани андозаи пардохтҳои гумрукӣ ба он, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ, поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷалби бештари маблағҳо ба Буҷети давлатӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» илова пешниҳод шуд, ки он аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид.

Тибқи иловаи мазкур, ба таври пилотӣ дар давоми як сол ба ивази андоз аз арзиши иловашуда,  аксиз ва боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи барои воридоти 1 грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 18 сомонӣ ва аз як грамм маснуоти нуқра 3,06  сомонӣ муқаррар гардид. То қабули ин тағйирот барои воридоти як грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 77, 61 сомонӣ ва аз як грамм маснуоти нуқра 13, 23 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» иброз дошт, ки дар давоми як сол, аз лаҳзаи ҷорӣ намудани пардохти махсус барои воридоти маснуоти заргарӣ, новобаста аз таъсири буҳрони молиявӣ ва коҳиш ёфтани қобилияти харидории маснуоти заргарӣ, аз ҷониби аҳолӣ ба Тоҷикистон 1069 килограмм маснуоти заргарӣ ворид шуд, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 6961 ҳазор сомонӣ пардохт гашт. Дар навбати худ, ин нишондиҳанда тахминан баробар ба маҷмӯи воридоти маснуоти заргарӣ дар панҷ соли сипаригашта мебошад. Рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки амалишавии тадбири мазкур ҳамчун амри воқеӣ барои пешрафти соҳа нақши назаррас гузошта, ба ташкили низоми ҳавасмандкунандаи пардохти шаффофи боҷи гумрукӣ дар иртибот ба гардиши маснуоти заргарӣ заминаи мустаҳкам гузоштааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қонуни амалкунандаи кишвар ба таври доимӣ ворид намудани муқаррароти меъёри пилотии  татбиқгардида, ки риояи муҳлати муайянро тақозо менамояд, ин тадбир рӯи даст гирифта шуд.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 1026
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед