logo

ҳуқуқ

ФАРЗАНДОНИ ЗИНДАЯТИМ. ОЁ ПАРДОХТИ АЛИМЕНТ МЕТАВОНАД МУШКИЛОТИ ОНҲОРО ПУРРА РАФЪ СОЗАД?

Имрӯзҳо дар назди судҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо теъдоди зиёд нафароне дучор омадан мумкин аст, ки барои пардохт нашудани алименти фарзандонашон ба суд шикоят мебаранд. Ба ҳамин далел шаҳрвандон ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ пайваста муроҷиат намуда, аз иҷро нагардидани қарорҳои судӣ оид ба пардохти алимент изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ин рӯ, бо дарки муҳимияти масъала, аз ҷумла оқибатҳои ҳуқуқии сари вақт пардохт накардани алимент, тасмим гирифтем, то дар ин бора тафсилоте дар ихтиёри хонанда гузорем.
Вақте ки кас бо парвандаҳои оилавӣ шинос мешавад, ба худ суол медиҳад: Оё барои тарбияи фарзанди ноболиғ, ки бо айби падару модар зиндаятим мемонанд, алиментсупорӣ роҳи ҳалли пурраи масъала шуда метавонад? Не, албатта!
Ба иддаои баъзе падарон, гӯё онҳо бо пардохти алимент вазифаи худро дар назди фарзанд иҷро мекарда бошанд. Аммо ин ақида чандон дуруст нест. Зеро барои солим ба камол расидани фарзанд меҳрубонӣ, ғамхорӣ, иштироки ҳам падару ҳам модар зарур аст. Вақте ки падар дар тарбияи фарзанд бетараф мемонад ва модар барои пешбурди оила аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ мешавад, фарзанди беназоратмонда кӯчагарду дузд ва мактабгурез ба воя мерасад.
Тибқи муқаррароти қонун алимент дар ду шакл - ҳиссагӣ ва устувор рӯёнда мешавад. Алименти ҳиссагӣ аз маош барои як кӯдак 25 дарсад, ду кӯдак 33 ва зиёда аз се кӯдак 55 дарсад муқаррар шудааст. Алименти устувор дар ҳолате рӯёнда мешавад, ки агар мард кор накунаду даромади тағйирёбанда ё мунтазам дошта бошад. Он вақт барои як кӯдак аз 100 то 150 сомонӣ муқаррар карда мешавад. Вақте мард зани дигар мегираду кӯдакдор мешавад, дар ин ҳолат миқдори алименти кӯдакони зани якум кам карда мешавад. Марду зан танҳо замоне аз пардохти алименти фарзандон озод мешаванд, ки кӯдакон дар мактаб - интернат зери ҳимояи давлат қарор дошта бошанд.
Бар пояи қонун пардохт накардани алимент ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай дорад. Аммо имрӯз кам нестанд ҳолатҳое, ки мардон моҳҳову солҳо аз пардохти алименти фарзандонашон саркашӣ мекунанд. Масалан, шаҳрванд Қурбоналӣ Гурезов бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ муваззаф шудааст, ки барои фарзандони ноболиғаш 150 сомонӣ алимент ва 50  сомонӣ барои табобати як фарзанди бемораш то замони шифоёбӣ пардохт намояд. Аммо ӯ бисту як моҳи охир дар маҷмӯъ ба маблағи 5100 сомонӣ аз пардохти алимент қасдан саркашӣ намудааст. Суд нисбат ба Қурбоналӣ Гурезов барои пардохт накардани алименти фарзандонаш як сол ҷазои корҳои ислоҳӣ ва даҳ дарсади  музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин кард.
Мухтор Исозода, судяи суди шаҳри Душанбе, гуфт: «Сари вақт пардохт накардани маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин, фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳ расидааст, надоштани ҷойи кори муносиби аксар мардҳо мебошад. Онҳое, ки дастмузди кам мегиранд наметавонанд маблағи алиментро сари вақт пардохт намоянд.
Ҷомеашиносон ба ин андешаанд, ки сабаби асосии зиндаятим мондани кӯдакон никоҳи барвақтии волидонашон аст. Ҷавонон, ки дар 18-20 - солагӣ оила барпо мекунанд, дар бештари ҳолат ба ноҷуриҳои зиндагӣ тоб наоварда, аз ҳам ҷудо мешаванд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоянд, ки ҳангоми ҷудошавии оилаҳо аз ҷониби даъвогар ба суратҳисоби тарафи дигар маблағи муайян пардохт карда шавад. Ин амал боис мешавад, ки пошхӯрии оилаҳо ва теъдоди кӯдакони зиндаятим кам шавад.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 1072
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед