logo

порлумон

САВГАНДИ САДОҚАТ ДАР ТАЪРИХИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМИ ТОҶИК САҲИФАИ НАВ КУШОД

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки поён ёфт, бо савганди садоқат ба халқи Тоҷикистон оғоз карданд. Зеро баъди ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи қисми ҳафти моддаи 49-и ин санади олии ҳуқуқӣ узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъйин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд менамояд. Бо ёд кардани савганди садоқат ба халқи Тоҷикистон дар таърихи парламентаризми тоҷик саҳифаи нав боз шуд.
Ин нукта дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат аз ҷониби Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид. Мавсуф зикр кард, ки дар 28 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 172 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 11 қонуни мукаммал, 1 кодекс, 2 қонуни конститутсионӣ, 8 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 65 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 18 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва 46 созишнома, ёддошт, низомнома, протокол, шартномаҳои байналмилалӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ баррасӣ ва қабул шуданд.
Дар давоми иҷлосияи сеюм бори аввал дар таърихи қонунгузории мамлакат Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо қабули ин кодекс 16 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ аз эътибор соқит гашт. Бо мақсади фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, мусоидат ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳони хориҷӣ дар кишвар, аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон бори аввал лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҳия ва қабул шуд. Зимнан, бино ба пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии туризм ва ЮНЕСКО, дар давраи то соли 2020 хатсайри «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ба яке аз самтҳои ояндадори сайёҳии ҷаҳон табдил меёбад, ки имкон дорад сеяки сайёҳони дунёро ҷалб намояд. Азбаски ин шоҳроҳи бузург аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, таваҷҷуҳ ба рушди густурдаи туризм дар кишвар хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ гардид. Маҷлиси намояндагон дар иртибот ба ин мавзӯъ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд. Мутобиқи онҳо бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ аз 1 январи соли 2017 воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо озод гашта, даромадҳо аз фаъолияти сайёҳии субъектҳои соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз андоз аз фоида озод мегарданд.
Бо ҳамин иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба итмом расид ва иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум 1 октябри соли равон оғоз мегардад.
Мунаввари САФАР,   «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 3082
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед