logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Боздошти милитсия ба далели гирифтани пора
Дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба далели гирифтани пора хабар  дод.
Бино ба иттилои манбаъ, капитани милитсия Мулорӯзӣ Шарифов, ки ба ҳайси нозири минтақавии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кор мекард, аз шаҳрванд «А» барои нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 14000 сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда ҳангоми гирифтани пора дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи нишондодашуда ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Мулорӯзӣ Шарифов бо аломатҳои моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Маҳкумшудае, ки боз даст ба ҷиноят зад
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлонро, ки қаблан бо моддаҳои 138 қисми 2 ва 200 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба гумони роҳзанӣ  дастгир намуданд.
Боздошти ин шаҳрванд, ки марди 28 - сола гуфта мешавад, дар пайи аризаи зани 24 - солаи сокини ҳамин ноҳия ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ муяссар гардидааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин зан дар аризааш, аз ҷумла навиштааст: “Рӯзи 1 июли соли равон шахси номаълум вориди манзили истиқоматиам шуда, бо олоти буррандаю халанда як маротиба ба баданам зада, бо роҳи зӯрӣ аз гарданам гарданбанди тиллоӣ, ки 1000 сомонӣ арзиш дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад”.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 141    Мутолиа карданд: 1138
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед