logo

маориф

ИЛМҲОИ ДАҚИҚ. ЧАРО ДАСТОВАРДҲО КАМАНД?

Омода намудани кадрҳои баландихтисос яке аз масъалаҳои асосиест, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва дар ин ҷода аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади пешрафти илмҳои техникӣ ва тарбияи насли нав «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намудани соли 2010  қадами устуворе буд дар ин самт. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 - 2020 қабул шудааст.
Тавре Хуршед Зиёев, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, иброз дошт, дар доираи барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо ба иҷро расиданд. Аз ҷумла, таҳлили вазъи пойгоҳҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳои тобеи вазорат ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз нав дида баромада шуд.  Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо интернет таъмин гардида, ҷалби ходимони соҳаҳои илму маориф ва дигар сохторҳо ба омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ, ташкили корҳои пажӯҳишӣ ва ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ хуб ба роҳ монда шуданд.
Бо вуҷуди ин, дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҷой доранд. Дар сатҳи байналмилалӣ кам эътироф гардидани дастовардҳои олимони тоҷик, дар амалия ва истеҳсолот ҷорӣ нагардидани кашфиёт, ихтироот ва навовариҳои илмии онҳо аз мушкилиҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Мутаассифона, ҷавонон ба илмҳои дақиқу техникӣ камтар таваҷҷуҳ доранд. Вобаста ба ин, Барот Мақсудов, доктори илмҳои физикаю математика мегӯяд, ки ҷавонон дар интихоби касб саҳлангорӣ мекунанд. Дар ин ҷода, пеш аз ҳама, бояд ба онҳо  аҳамияти пешаи интихобкардаашонро фаҳмонем. Устодону олимонро мебояд, ки фаъолтар бошанд, ба ҷавонону наврасон дастовардҳои беҳтарини илмиро тарғиб намоянд. Ба ин восита шавқи онҳоро бедор карда, аз имкониятҳое, ки ҳангоми омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ муҳайё гардидаанд, самаранок истифода баранд.
Коршиносон бар он андешаанд, ки барои мутахассисони ин соҳаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар талабот зиёд аст ва онҳо метавонанд дар тамоми гӯшаву канори олам соҳиби ҷойи кори мувофиқ шаванд.
Мамадшо Илолов, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳо, дар ин робита чунин ибрози назар намуд:
- Дар самти илмҳои риёзӣ, физика, химия, геология, биология мо мактабҳои хуби илмӣ дорем. Ягона норасоӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани озмоишгоҳҳои мост, ки барои ба истеҳсолот равона кардани натиҷаҳои илмӣ нақши асосӣ доранд. Олимони мо метавонанд ба талаботи марказҳои беҳтарини илмии дунё ҷавобгӯ бошанд. Бахусус, олимони ҷавони мо диди васеъ доранд, дар илм метавонанд навоварӣ ворид кунанд. Ин амал бо бартараф намудани мушкилоти моддӣ - техникӣ даст хохад дод.
Барои рафъи норасоиҳои мавҷуда Хуршед Зиёев таҳияи механизм ва технологияи татбиқи амалии дастовардҳои илмиро дар раванди истеҳсолот саривақтӣ меҳисобад.  Ҳамчунин, ӯ омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ташвиқи онро дар муассисаҳои ҷумҳурӣ, ки ба корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ машғуланд, тавассути ВАО зарур медонад.
Ҷавононро зарур аст дарк намоянд, ки асри XXI - асри техника ва технологияҳои навин аст ва онҳо бояд бо ихтирооту кашфиётҳои худ муаррифгари миллат бошанд. Дар ин раванд онҳоро мебояд, ки саъю талошашонро барои аз худ кардани илмҳои дақиқу техникӣ равона сохта, баҳри рушду равнақи он саҳмгузор бошанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 141    Мутолиа карданд: 2265
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед