logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН 25 СОЛИ ҲАМКОРӢ ВА ДӮСТӢ

Робитаҳои мутақобилаи мардуми тоҷику ҳинд таърихи тӯлонӣ доранд. Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Рушди муносибатҳои кишварҳо чи бар асоси тавофуқномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ба нафъи ду кишвар ва дар маҷмӯъ ба манфиати сулҳу субот, амният, рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии бештари минтақавӣ хоҳад буд.

Ин матлабро Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар нишасти илмие, ки  ахиран таҳти унвони «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ баргузор гашт, баён намуд. Мавсуф дар ҳузури олимону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма доир ба ҷанбаҳои илмию амалии ҳамоиш ва 25 - умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар дар доираи манфиатҳои муштарак ибрози назар намуда, зикр сохт, ки ҷониби Ҳиндустон барои бахшҳои гуногуни соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва техникӣ дар омодасозии мутахассисони тоҷик кумак менамояд. Дар баробари ин, теъдоди зиёди донишҷӯёни Ҳиндустон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, бахусус дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино таҳсил мекунанд. Таъкид шуд, ки бо мусоидати ин кишвари дӯст чандин тарҳи бозсозӣ ва сохтмони иншооти нав дар Тоҷикистон, аз ҷумла шифохонаи низомии Қӯрғонтеппа ва меҳмонхонаи панҷситораи «Шератон» иҷро шудааст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки кишвараш шароиту имкониятҳои мусоидро барои такмили ихтисоси шаҳрвандони Тоҷикистон дар самтҳои гуногун таҳти барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии “Айтед” пешниҳод мекунад. Ба иттилои сафир, то имрӯз зиёда аз 1250 мутахассиси тоҷик дар доираи ин барнома такмили ихтисос намудааст. Ҳамкориҳо дар соҳаи кайҳон, энергияи барқароршаванда, технологияи иттилоотӣ тавсеа меёбанд. Гурӯҳи коршиносони тоҷик дар марҳалаи аввал бо курсҳои вобаста ба омӯзиши технологияи кайҳонӣ ба Ҳиндустон сафар карданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов иброз дошт, ки тиҷорат байни ду кишвар дар соли сипаришуда 23,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан доруворӣ, матоъ, сарулибос ворид гардида, аз кишвари мо хӯлаҳои алюминий ва дигар маъданҳо содир мешаванд. Сармояи умумии Ҳиндустон дар иқтисодиёти Тоҷикистон 47,4 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он 24,4 миллион сармояи мустақим мебошад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки мавқеи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар аксари масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳалли масоили муҳими вобаста ба сулҳу субот ва амнияти минтақа ба ҳам наздик мебошад. Аз ҷумла, Тоҷикистон ва Ҳиндустон манфиатдори ҳалли ҳар чи зудтари низои Афғонистон мебошанд ва нисбат ба ин қазия дар аксари маврид мавқеъҳои ба ҳам мушобеҳ доранд. Узвияти Ҳиндустон дар Созмони Ҳамкории Шанхай метавонад ба ҳамгироии минтақавӣ, иҷрои барномаҳои муштараки иқтисодӣ ва таъмини амният дар минтақа мусоидат кунад.
 Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2017    №: 142    Мутолиа карданд: 1298
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед