logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. АЗ ПЕШГИРӢ ТО БАРТАРАФ НАМУДАНИ ҚОНУНШИКАНИҲО

Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран ҷаласаи машваратии байниидоравӣ баргузор гардид. Дар он  роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ширкат варзида, натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи амали қонун сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 53,3 дарсади соли 2007 то ба 30,3 дарсад дар соли 2016 паст гардида бошад ҳам, бинобар зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии баъзе шаҳрвандон як қатор ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон гузаронда шаванд, ба маъракаҳои пурдабдаба ва серхароҷот табдил ёфтаанд. Зимни санҷишҳои прокурорӣ ва таҳлили вазъи иҷрои ин санади миллӣ дар фаъолияти маъмурияти тарабхонаҳо, ҳунармандон ва шаҳрвандони алоҳида камбудию қонуншиканиҳои зиёд, ба монанди дар маросими сабти давлатии ақди никоҳ истифода гардидани шумораи зиёди автомашинаҳои сабукрав, бо иштироки теъдоди зиёди меҳмонон гузарондани маъракаҳои хатнасур, оши тӯйи домодию арӯсӣ ва  чорабиниҳои бо қонун манъшуда муайян карда шуданд.
Гуфта шуд, ки мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта чораҳои эътиноии прокурорӣ меандешад.  Масалан, кормандони ин ниҳод бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартарафсозии қонуншиканиҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда унвони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо 163 пешниҳод ва 60 амр ирсол карда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 12 эътироз овардаанд. Ҳамзамон, 204 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбат ба 332 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шудааст.
Дар ҷаласаи машваратии байниидоравӣ бо мақсади пурзӯр намудани назорати иҷрои қонуни танзим, пешгирӣ ва бартарафсозии қонуншиканиҳо, баланд бардоштани масъулияти комиссияҳои ҷамъиятӣ гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда бо ҷалби шахсони мутасаддии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД созмон дода шуданд. Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ба ҳамаи паҳлуҳои масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда баҳои ҳуқуқӣ дода, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар назди прокуророни вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 1098
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед