logo

ҳуқуқ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ТАҲЛИЛҲО НИШОН МЕДИҲАНД...

Таҳлил ва ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли равон нишон дод, ки прокуратураи вилояти Хатлон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо андешидани тадбирҳои муассир дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Кормандони прокуратураи вилоят дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳия ва тасдиқшуда барои дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ 1967 суҳбату вохӯрӣ гузаронда, тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти ҷамъиятидошта 431 маротиба баромад карданд. Мавзӯъҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, иҷрои қонунгузории андоз, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷиноятҳои одамфурӯшӣ ва одамрабоӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, қонунгузориҳои замин дар меҳвари фаъолияти прокурорҳои шаҳру навоҳии вилоят қарор доштанд. 
Вобаста ба иҷрои банди 4-и нақшаи Прокуратураи генералӣ  дар доираи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят  ва прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Аз ҷумла бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бавижа ҷиноятҳои вобаста ба ришваситонӣ, даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ, шомилшавиии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ бо ширкати доираи васеи аҳолӣ, махсусан ҷавонон, ҳамоишҳо доир гашта, тавассути барномаҳои телевизионҳои марказӣ ва вилоятӣ намоиш дода шуданд. Гузашта аз ин, кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ба мардум моҳияти «Стратегияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба мубориза ба муқобили ҷиноятҳои коррупсионӣ барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро мунтазам мефаҳмонанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз дар натиҷаи роҳандозии саривақтии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, ба мардум фаҳмондани  вижагиҳои қонунҳои амалкунанда содиршавии ҷиноят аз ҷониби сокинони вилоят дар дохил ва хориҷи кишвар сол ба сол коҳиш ёфта истодааст.
  Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд низ  баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 апрели соли 1997,  таҳти № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои зерқонунии он чораҳои амалиро пиёда хоҳад кард.
Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 1142
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед