суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», шаҳри Душанбе, 11 июли соли 2017
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд. Сокинони ин сарзамини фарҳангдӯсту адабпарвар маросиму оинҳояшонро на танҳо ҳифз кардаву гиромӣ доштаанд, балки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ ба онҳо мазмуни нав ва сифатҳои башардӯстона зам намуда, беҳтаринашонро то даврони мо ба мерос гузоштаанд, ки нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият ва озодӣ халқи мо ҳимояи ин мероси миллиро яке аз вазифаҳои муҳими худ эътироф карда, ба фарҳанги миллӣ, суннату анъанаҳо ва ҷашну оинҳои мардумӣ умри дубора бахшид. Дар ин замина, мо истиқлолияти давлатиро ҳамчун рамзи озодиву соҳибихтиёрии кишварамон ба муқаддастарин ҷашни сиёсиву фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллиамон табдил додем. Ҳамзамон бо ин, як силсила ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Садаро эҳё намуда, идҳои Рамазону Қурбонро расман ба фазои фарҳангии мамлакат ворид намудем, таҷлили идҳои соҳавӣ ва касбиро дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монда, дар кишвар низоми ягонаи гузарондани ҷашну идҳои милливу диниро ба расмият даровардем.
Бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардондани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат даҳ сол пеш Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт.
Дар суханронии худ 24 майи соли 2007 қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, таъкид карда будем, ки “Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”.
Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардонданд.
Чунин вазъ моро водор сохт, ки аз ташаббуси қонунгузории худ истифода намуда, қонунеро, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат намояд, таҳия ва пешниҳод кунем.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард.
Қонунгузории муосири кишвар бо қабули чунин як қонуни аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи моҳият демокративу дунявӣ дар ҷодаи ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, инчунин, дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ раванди тоза пайдо кард. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, тартибу низоми баргузории аксари маъракаҳо ва маросиму ҷашнҳои мардумӣ ба инобат гирифта шуданд.
Пос доштани арзишҳои миллӣ ва решаҳои таърихии онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин тадбирҳое ба шумор меравад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ба ин васила метавонанд худро аз паёмадҳои номатлуб ва таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла таҳмили унсурҳои фарҳангу мазҳаби бегона ҳифз кунанд, яъне амнияти фарҳангӣ ва пешрафти мустақилонаи хешро таъмин намоянд.
Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Санади мазкур дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд. Бовар дорам, ки бо татбиқи пурраи қонуни мазкур дар оянда фарқияти байни расму оинҳои маҳалҳои гуногуни кишвар аз байн рафта, анъанаҳои миллиамон ба шаклу низоми ягона хоҳанд даромад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то қабули қонуни миллӣ ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасонданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд.
Ҳол он ки дар ояти 141-уми сураи “Анъом”-и Қуръони карим таъкид шудааст, ки: “Исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад”. Ҳамчунин, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ харҷу сарфи зиёд нораво буда, худи Имоми Аъзам низ баргузории маъракаҳои серхарҷро хуш надоштааст. Аммо бо вуҷуди ояту ҳадисҳои зиёд ва ишораву таъкидҳои пири мазҳабамон баъзе шахсони дорову зоҳирпараст ва ҳангоматалабу шуҳратхоҳ дидаву дониста, маъракаҳои серхарҷро тарафдорӣ мекарданд. Чунин чорабиниҳои серодам ва серхарҷ ҳатто ба амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа халал ворид карда, боиси ба вуҷуд омадани норизоият миёни қишрҳои мухталифи кишвар мегардиданд. Бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд. Ин дар навбати худ нигаронии ҷомеа, пеш аз ҳама, ташвиши падару модаронро хеле кам намуд. Бо қабули қонун ва амалӣ гардидани он мардуми мо бори дигар итминон ҳосил карданд, ки урфу одат, расму оин ва ҷашну маъракаҳоро, ки рукнҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошанд, ба танзим даровардан мумкин аст.
Қобили таъкид аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар баробари дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат яке аз омилҳои муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Хотирнишон месозам, ки дар давоми солҳои 1992-2007 Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва мушкилоти мардум бо ҷалби грантҳо ва қарзҳои хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 5 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ намуд.
Ҳаҷми қарзи берунаи давлат дар он солҳо аз 40 то 110 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, камбизоатӣ 81 фоизи аҳолиро фаро мегирифт. Баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи қабули кумаки беруна ҷалби сармояро барои лоиҳаҳои инфрасохторӣ оғоз кард ва таносуби қарзи беруна дар ҳудуди 30 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қарор гирифт. Дар натиҷа гузариш аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардида, ҳоло нақшаи то 50 фоиз расондани табақаи миёнаи аҳолӣ амалӣ шуда истодааст. Тавассути қабули қонун масъалаи бақайдгирии кӯдакони навзод низ танзим гардид ва сабти номи кӯдаконе, ки танҳо вақти ба мактаб рафтан ба қайд гирифта мешуданд, ба роҳ монда шуд. Қонуни мазкур, инчунин, ба афзоиши шумораи оиладоршавӣ мусоидат намуд ва ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла надоштани шароити молиявӣ, оиладор шуда наметавонистанд, соҳиби бахту саодат гардиданд.
Дар масъалаи бақайдгирии ақди никоҳ низ вазъ ба куллӣ тағйир ёфт. То қабули қонун ҳар сол дар кишвар беш аз 57 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта мешуд. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар шаш моҳи баъди қабули қонун шумораи ақди никоҳ дар кишвар то 23 ҳазор зиёд гардида, соли 2007 ба 97 ҳазор ва соли 2008 ба 106 ҳазор расид. Бо вуҷуди чунин тамоюли мусбат, мехоҳам оид ба як масъалаи ниҳоят муҳим, ки хусусан, солҳои охир боиси нигаронӣ гардидааст, изҳори назар намоям. Ҳар сол аз шумораи умумии ақди никоҳи оилаҳои ба қайд гирифташуда 10 фоизи онҳо, бахусус, оилаҳои ҷавон бекор мешаванд. Тибқи таҳлилҳо дар аксари оилаҳое, ки вайрон шудаанд, зану шавҳар дар ягон ҷо таҳсил накарда, касбу ҳунар наомӯхтаанд, падару модаронашон ба онҳо эҳтироми калонсолон, нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, пастиву баландии рӯзгор ва дигар масъалаҳои ҳаёти мустақилонаро ёд надодаанд, ки ин ҳама ба хонавайронӣ оварда, таъсири манфиаш аз ҳама бештар ба худи ҷавонон мерасад. Аз ин лиҳоз, ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан, пеши роҳи хурофоту зоҳирпарастиро дар ин самт гирифтан ва барои донишомӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии фарзандон шароити мусоид фароҳам овардан вазифаи муқаддаси падару модар, давлат, ҷомеа ва оила мебошад.
Илова бар ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани вайроншавии оилаҳо, таъмин кардани солимии оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ вазоратҳои адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки чораҳои муассир андешанд.
Дӯстони азиз!
Қонуни мазкур, ҳамчунин, боиси болоравии маданияти гузарондани маъракаҳо ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниҳо гардида, муносибати мардумро ба маросиму маъракаҳо дигаргун сохт. Масалан, дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст. Яъне ин маблағҳо ба фоидаи мардум ва афзоиши даромади буҷети оилаи онҳо мусоидат намудаанд. Қабули қонун, ҳамчунин, ба кам шудани забҳи чорво мусоидат кард. Агар то аввали соли 2007 дар кишвар саршумори чорвои калон беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сарро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда моҳи январи соли 2017-ум ба 2 миллиону 280 ҳазор сар расидааст, ки нисбат ба соли 2007 қариб 34 фоиз зиёд мебошад. Саршумори чорвои майда дар ин давра аз 3 миллиону 800 ҳазор қариб ба панҷуним миллион сар расида, 44 фоиз афзудааст. Дар зарфи даҳ соли амали қонун қариб ду миллиону 300 ҳазор сар чорвои хурду калон ба фоидаи аҳолӣ нигоҳ дошта шуда, таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ беҳтар гардид.
То соли 2007 ба кишвар ҳар сол аз хориҷа ба ҳисоби миёна 35 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 5 ҳазор тонна шир ва маҳсулоти ширӣ ворид мегардид. Вале соли 2016 воридоти танҳо гӯшт 3 баробар кам шудааст. Агар минбаъд низ аҳлона заҳмат кашем ва барои кишоварзон шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем, бовар дорам, ки солҳои наздик ин масъала ҳал гардида, бозори истеъмолии мо бо маҳсулоти ғизоӣ пурра таъмин мешавад. Ин, дар навбати худ, ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мо мебошад, такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар давоми даҳ соли амали қонун, инчунин, пасандозҳои мардум дар бонкҳо ҳамасола аз 20 то 25 фоиз афзоиш ёфта, одати гирифтани қарз барои баргузории маросиму маъракаҳо қариб аз байн рафтааст. Агар то соли 2007 пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 2,4 миллиард сомониро ташкил дода бошанд, пас соли 2016 ин рақам ба 10 миллиард сомонӣ расидааст, ки аз беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва некуаҳволии сокинони мамлакат дарак медиҳад.
Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардондани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ тайи солҳои 2007 - 2016 дар сохтори истеъмолии хонаводаҳо тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст.
Агар соли 2007 хонаводаҳо барои озуқаворӣ, бо дарназардошти гузарондани маъракаҳои мухталиф, 66 фоизи хароҷоти умумии истеъмолиро сарф карда бошанд, пас дар соли 2016 ба ин мақсад ҳамагӣ 55 фоиз масраф шудааст, яъне хароҷоти оилаҳо 11 фоиз кам гардидааст. Беҳтар гардидани вазъи молиявии хонаводаҳо боиси таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардани падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон, касбомӯзӣ ва гирифтани маълумоти иловагии онҳо шудааст.
Агар то соли таҳсили 2006 - 2007 дар зинаи таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 1 миллиону 600 ҳазор, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 63 ҳазор ва таҳсилоти олии касбӣ 146 ҳазор ба таҳсил фаро гирифта шуда бошад, пас дар соли таҳсили 2016 - 2017 дар зинаи таҳсилоти умумӣ 1 миллиону 950 ҳазор, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 100 ҳазор ва олии касбӣ 190 ҳазор нафар ҷалб шудааст, ки ин рақамҳо нишонаи равшани татбиқи қонун ва натиҷаву самараи он мебошанд. Ҳоло зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони мо дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ бо омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.
Дар даҳ соли амали қонуни мазкур, инчунин, бунёди хонаҳои истиқоматӣ бамаротиб афзуда, қариб 43 ҳазор гектар замин ба 420 ҳазор оилаи эҳтиёҷманд, яъне ба беш аз дуюним миллион нафар тақсим карда шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо низ далели возеҳи аҳамият ва нақши иҷтимоии қонун мебошанд.
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки хона бе пул сохта намешавад. Инчунин, тибқи маълумоти мавҷуда дар давоми даҳ сол ба кишвар қариб 525 ҳазор автомашинаи сабукрав ворид шудааст.
Қонуни зикршуда ҷанбаи инсондӯстона ва хайрхоҳона низ касб карда, баъди қабули он дар кишвар эҳсонкорӣ ва баргузории маъракаҳои хайриявӣ ба ҳукми анъана даромад. Шахсони хайрхоҳу саховатпеша, махсусан соҳибкорону тоҷирон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз ҳисоби даромади худ ва маблағҳои барзиёди ташкилоту муассисаҳои хусусиву ғайридавлатӣ оилаҳои камбизоат ва ятимону муҳтоҷонро дастгирӣ намуда, гузарондани маросиму маъракаҳои онҳоро ба зимма гирифтанд. Аз соли 2009 инҷониб маъракаҳои хайриявии зиёда аз 100 ҳазор нафар тифлон ва тӯйи арӯсии беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонон аз оилаҳои камбизоат барпо карда шуданд. Яъне аз 200 ҳазор оилаҳое, ки дар кишварамон ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудаанд, мушкили 105 ҳазор оила ҳал ва қалби онҳо хурсанд гардидааст. Шумораи маъракаҳои хайриявӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст, ки ин амали хайр оилаҳои камбизоатро аз ташвишу хароҷоти баргузории маъракаҳо озод мегардонад.
Ҳоло дар кишварамон 73 мактаб - интернат, аз ҷумла 27 мактаб - интернати наздимактабӣ, 4 хонаи кӯдакон ва 8 хонаи пиронсолону маъюбон фаъолият дорад, ки шумораи бошандагону тарбиятгирандагони онҳо беш аз дувоздаҳ ҳазор нафар мебошад.
Аз онҳо 1150 нафарашонро пиронсолону маъюбон, 2100 нафарашонро кӯдакони маъюб ва зиёда аз 3000 нафарро ятимон ташкил медиҳанд, ки додани садақа маҳз ба онҳо раво мебошад. Ҳамасола аз буҷети давлат барои ятимону бепарасторон, маъюбону пиронсолон маблағҳои мақсаднок, ҷубронпулӣ ва кумакпулӣ ҷудо карда мешаванд, ки ба ҳар як нафар хонандаи мактаб-интернатҳо дар як сол қариб 2000 сомонӣ ва ба як нафар бошандаи хонаҳои пиронсолону маъюбон то 16000 сомонӣ рост меояд.
Дар баробари ин, бо Амри Президенти мамлакат аз 10 феврали соли 2014 - ум ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии зикршуда ба 101 ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ вобаста гардидаанд, ки онҳо дар масъалаи нигоҳубину парастории бошандагону тарбиягирандагон доимӣ кумаку ғамхорӣ мекунанд. Чунин амали хайру савоб боиси хурсандии бошандагони муассисаҳои зикршуда ва боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагиву таҳсили онҳо мегардад. Илова бар ин, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба номи ятимон суратҳисоби махсус кушода шудааст, ки шахсони хайрхоҳ метавонанд фитри рӯза ва дигар кумакҳои молиявиро ба суратҳисоби онҳо гузаронанд. Ашхоси доро ва сарватманд низ бояд саъй кунанд, ки садақаашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик, ҳамсоягон ва одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд диҳанд. Ё маблағҳои худро ҳамчун садақаи ҷория барои обод кардани деҳаву манзил, маҳали зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек сарф кунанд, ки он хайри солеҳ мебошад.
Боиси хушнудист, ки чунин амалҳои хайрхоҳона аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша ба ҳукми анъана даромада, то ин давра аз ҷониби онҳо 132 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои беш аз 25 ҳазор нафар хонанда, 343 марказу бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхонаву дармонгоҳҳо ба маблағи умумии қариб 140 миллион сомонӣ, 107 пул, беш аз 600 километр роҳ, даҳҳо километр хати оби нӯшокӣ оварда шуда, ба хотири таъмиру тармими бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ва харидани таҷҳизот бисёр корҳои хайру савоб амалӣ гардидаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ташаббускорон, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони бонангу номус, ҷавонмардони саховатпешаву ҳимматбаланд, ки дар анҷоми амалҳои эҳсонкорона ва татбиқи самараноки қонуни миллӣ саҳм гузоштаанд, сипосу миннатдории худро иброз намоям.
Дар баробари ин, хотиррасон менамоям, ки то қабули қонун дар байни ҷомеаи мо таҳти таъсири омилҳои гуногун меҳру муҳаббати ҳамдигарӣ, одаму одамгарӣ ва инсондӯстиву инсонгароӣ хеле коҳиш ёфта буд. Тавре ки ҳамватанони азизи мо ёд доранд, пеш ба қадри ҳамдигар, махсусан, калонсолон расидан, якдигарро эҳтиром кардан, аз аҳволи ҳамдигар бохабар ва шарики шодиву ғами якдигар шудан расм буд, вале ин анъанаҳои ниҳоят инсондӯстонаи халқамон, ки тору пуди маънавиёти падарону модаронамонро ташкил медоданд, дар баъзе ҷойҳо ба фаромӯшӣ рафта буданд ё кам риоя мешуданд. Хушбахтона, ба шарофати амалӣ гардидани ин қонуни инсондӯстона вазъи муносибатҳои байниҳамдигарии одамон рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин албатта хуб аст. Зеро инсонҳо танҳо бо кумаки якдигар саодатманд шуда метавонанд. Мо бояд кӯшиш намоем, ки бо амалҳои солеҳ, аз ҷумла бо инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, саховатпешагӣ ва ҳимматбаландӣ умр ба сар барем, кумаки худро аз дигарон дареғ надорем, аз дилозорӣ парҳез кунем, накукориро шиори зиндагӣ қарор дода, якҷоя барои рӯзгори босаодат талош намоем ва суннатҳои неки фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои писандидаи халқамонро бо сифатҳои боз ҳам баланди инсонӣ ба ояндагон ба мерос гузорем.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дар ин бобат мефармояд, ки:
Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,
Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.
Агар мо рӯзгори хешро бо инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва дилнавозӣ пеш барем, зиндагиамон боз ҳам беҳтар шуда, сатҳи маънавиёту фарҳанги аҳли ҷомеа баланд меравад ва ҳурмату эҳтиром нисбат ба падару модарон, бузургсолон ва миёни одамон боз ҳам устувор мегардад.
Сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони азиз ва неъматҳои фаровони он метавонанд зиндагии халқи заҳматкашу инсондӯсташро ба сатҳи шоиста расонанд. Танҳо кӯшишу ғайрат, нангу номус ва иродаи қавӣ зарур аст, ки баъзе ашхоси гирифтори фақру қашшоқӣ табобат ёбанд. Зеро қашшоқӣ ва фақру нодорӣ беморӣ буда, роҳи ягонаи раҳоӣ ёфтан аз ин дард, беҳтар шудани сифати зиндагии ин табақа ва ояндаи босаодати оила ва фарзандони онҳо кӯшишу ғайрат ва талошу заҳмат мебошад. Хотирнишон месозам, ки ин масъала бо ҳимояи генофонди миллат, таваллуди кӯдакони солим ва ба воя расидани насли соҳибистеъдоду болаёқат вобастагии қавӣ дорад. Мо бояд ба чунин шахсон ва оилаҳои онҳо кумак расонем, то ин ки шароит ва сатҳи зиндагии онҳо беҳтар гардад. Дар ин кори хайр бояд масъулони мақомоти маҳаллӣ, олимони ҷомеашинос, аҳли уламо ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона ширкат карда, миёни аҳолии мамлакат корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо вуҷуди чораҳои то ба имрӯз андешидашуда ҳолатҳои пурдабдаба гузарондани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат ҳанӯз пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам расму оинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор бо табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад.
Дар баробари ин, риояи санади мазкур аз ҷониби як қатор мақомоти дахлдор дуруст назорат нагардида, дар ин самт баъзе камбудиҳо ошкор шудаанд, ки обрӯи муассиса ва хизматчии давлатиро паст карда, эътибори онҳоро дар ҷамъият коста мегардонанд. Мувофиқи маълумоти омории мақомоти судӣ вайронкунии талаботи қонун сол ба сол тамоюли афзоиш дорад. Соли 2007 судҳо ҳамагӣ 60 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар ин самт баррасӣ намудаанд. Вале ин рақам соли 2017 ба 784 расидааст, ки нисбат ба соли 2007-ум 13 баробар зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки баъзан худи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, хизматчиёни давлатӣ, масъулони бахшҳо оид ба корҳои дину танзим, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба саҳлангорӣ роҳ дода, ба вайрон гардидани талаботи қонун мусоидат менамоянд. Дар муддати даҳ сол аз ҷониби масъулони соҳа як қатор ҷиноятҳо содир шуда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ин вазифа шахсони тасодуфӣ ва бесалоҳият ба кор қабул гардидаанд, ки аз мансаб суистифода намуда, талаботи қонуни мазкурро дағалона вайрон мекунанд. Чунин вазъ ислоҳи саривақтӣ ва ҷиддиро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро зарур аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин ҳамаи кормандони бахшҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин, аъзои комиссияҳои доимиро аз аттестатсия гузаронда, шахсони кордону донишманд ва ҷавону ташаббускорро ба ин корҳо ҷалб намояд ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятиро ба танзим дарорад.
Дар баробари ин, фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳоро зери назорати қатъӣ гирифта, иҷрои низомномаи комиссияҳои доимӣ дар маҷлисҳои вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Инчунин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба вазифаи мудирони шуъба ва бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ шахсони болаёқат ва донишмандро пешбарӣ карда, фаъолияти онҳоро ҷиддӣ назорат намоянд. Вобаста ба ин, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор месозам, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бамаротиб зиёд намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки дар аксари ҳолатҳо вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкорону сарватмандон, инчунин, фарзандон ва хешутабори наздики онҳо мебошанд, ки берун аз муқаррароти ҷорӣ ва худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.
Ҳар сол дар кишвар ба ҳисоби миёна якуним ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, садҳо нафар ба ҳалокат мерасад, ки чунин вазъ боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад. Як моҳ пеш дар роҳи Восеъ - Кӯлоб садама рух дода, ҳафт нафар ба ҳалокат расид, ки сабаби он вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ мебошад. Тибқи маълумоти Раёсати бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ аз соли 2010 то ҳол, ба истиснои қонунвайронкуниҳое, ки тавассути низоми «Шаҳри бехатар» ба қайд гирифта шудаанд, қариб ҳафтуним миллион ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби вайронкунандагони қоидаҳо 173 миллион сомонӣ ҷарима рӯёнда шудааст. Аз соли 2013 маблағи ҷаримаи тавассути низоми «Шаҳри бехатар» рӯёндашуда беш аз 72 миллион сомониро ташкил кардааст. Яъне ҳаҷми умумии ҷаримаҳои аз вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат рӯёндашуда ба 245 миллион сомонӣ расидааст.
Дар давраи солҳои 2010 - нимсолаи аввали соли 2017 дар кишвар зиёда аз даҳуним ҳазор садамаҳои нақлиётӣ содир шуда, дар натиҷа қариб 3300 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 11 800 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Яъне садамаҳои нақлиётии дар давоми ҳафтуним сол рухдода боиси мотами 3300 хонадон, ятим мондани кӯдакон ва бадбахт шудани оилаҳо гардидаанд. Бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки боиси марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд. Сабаби дигари рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки тайи солҳои 2015 - 2016 ва 5 моҳи соли 2017 дар кишвар зиёда аз бист ҳазор ҳодисаи дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва 76 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 35 нафар ҳалок гардида, 83 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст. Аксари ҳалокшудагон одамони бегуноҳ мебошанд. Таъминоти минбаъдаи фарзандони бештари онҳо ба зиммаи давлат меафтад. Бинобар ин, давлат наметавонад нисбат ба ин ҳолат бетараф бошад.
Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафта барои садамаҳои нақлиётие, ки боиси ҳалокати одамон мешаванд, ҷазои бисёр сахт ва ҳатто ҳукми қатл пешбинӣ шудааст. Масалан дар Япония, Хитой, Таиланд ва баъзе штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳукми қатл ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 20 сол ва дар Канада ҷазои ҳабси якумрӣ пешбинӣ гардидааст. Бо дарназардошти чунин вазъ, ба вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки дар муддати ду моҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо автомашинаи шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ба сифати таълим дар курсҳои ронандагӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, шароити таълим дар ин курсҳо бознигарӣ гардад ва имтиҳонҳо барои гирифтани ҳуқуқи ронандагӣ бо истифодаи технологияи замонавӣ ва ба таври бисёр ҷиддӣ ба роҳ монда шаванд.
Хотирнишон менамоям, ки танҳо дар сурати дарки амиқи моҳият ва арзиши қонун ва комилан аз байн бурдани бетарафӣ мо метавонем ба татбиқи пурраи мақсаду нақшаҳоямон муваффақ гардем.
Дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии кишвар Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар қатори Конститутсия омӯзиши ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро ба барномаи муассисаҳои таълимӣ ворид намояд.
Илова бар ин, ба роҳ мондани омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда барои такмили донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ ба камол расондани насли наврас, ҳамчунин, аз синни наврасӣ истифода намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии онҳо мусоидат мекунад. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҳар чи зудтар китоби дарсӣ ва барномаи таълимии онро омода карда, аз соли таҳсили нав таълими ин санадҳои муҳимро ҷорӣ намояд.
Бар замми ин, ба мақсади шарҳу тавзеҳи васеи муҳтавои ин қонун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, телевизион ва радио ва Маркази исломшиносӣ вазифадор карда мешаванд, ки китоб ва дигар маводи фарогири панду андарзҳоро оид ба сарфаю сариштакорӣ нашр намуда, онҳоро аз тариқи воситаҳои ахбори умум ба таври васеъ манзури аҳолии кишвар гардонанд ва доир ба моҳият ва арзиши фарҳангии ҷашну маросимҳои дар қонун зикршуда, аз ҷумла ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва дигар идҳои миллӣ таҳқиқот гузаронда, филмҳои тарбиявӣ таҳия намоянд.
Ҳоло аҳолии сайёра ба ҳафтуним миллиард ва аҳолии кишвари мо қариб ба нуҳ миллион расидааст. Танҳо дар замони истиқлолият шумораи аҳолии Тоҷикистон 3 миллиону 380 ҳазор нафар зиёд шудааст. Яъне ба ҳисоби миёна дар кишвари мо дар 26 соли соҳибистиқлолӣ ҳар сол як шаҳр ё ноҳияи калон бо аҳолии 130 ҳазор ба вуҷуд омадааст.
Афзоиши босуръати аҳолӣ дар ҳамаи кишварҳои олам талаботро бо маводи ғизоӣ ба масъалаи муҳимтарин табдил додааст, ки Тоҷикистони мо низ аз он истисно нест. Чунин вазъ хоҳ - нохоҳ моро маҷбур месозад, ки сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла танзими маъракаҳоро ба одати ҳаррӯзаи худ табдил диҳем. Ҳукумати кишвар тадбирҳои вобаста ба татбиқи қонуни мазкурро давра ба давра амалӣ мекунад ва иҷрои саривақтии онҳоро назорат ва таъмин месозад.
Аммо дар баробари ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён, падару модарон, калонсолон, ҷавонону бонувон ва дигар гурӯҳҳои ҷомеа низ вазифадоранд, ки дар амалисозии ин қонун ҳиссагузор бошанд. Ҷиҳати ба танзим даровардани маросиму маъракаҳо, махсусан, модарон ва занҳо метавонанд бештар саҳм гузоранд. Мо ба мақоми ин табақаи фаъоли ҷомеа ва посдори оила арҷ мегузорем ва манфиату ташаббусҳои онҳоро ҳамеша дастгириву ҳимоя мекунем. Вале тавре ки таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар аксари мавридҳои вайрон гардидани талаботи қонуни танзим модарону бонувони муҳтарами мо ташаббускору гунаҳгоранд.
Дар ҳоле ки дар танзими расму оинҳо, маъракаҳои хурсандиву маросими азодорӣ, пеш аз ҳама, модарону хоҳарони мо бояд фаъол бошанд ва талаботи қонунро риоя карда, ба зиндагии хонадон ва оилаи худ сабукиҳо оваранд. Онҳо бояд бо сабру таҳаммул бошанд, ба зоҳирпарастиву худнамоӣ, кибру ғурур ва кӯшишҳои худро аз дигарон боло гузоштан роҳ надиҳанд, аз сарфу хароҷоти зиёдативу нораво ва гузарондани маъракаҳое, ки қонун онҳоро манъ намудааст, худдорӣ кунанд.
Дар арафаи идҳо хариди маводи ғизоӣ ва маҳсулоти дигар чунон зиёд мешавад, ки гӯё имрӯз ё пагоҳ зиндагӣ ба охир мерасида бошад. Дар ҳоле ки мо бояд фикри фардоро кунем ва барои оростани дастурхони якрӯзаи идона маблағи чандмоҳаи буҷети оилавиро сарф насозем. Дар баробари ин, бонувони меҳрубонро зарур аст, ки ба қадри оила ва заҳмати ҳамсарони худ расанд ва нагузоранд, ки онҳо баъди маъракаҳои серхарҷу серташвиш қарздор ва ба азоби рӯҳӣ гирифтор шаванд.
Ёдовар мешавам, ки доир ба фазилатҳои неки модарону бонувони боиффат ҳамчун нигоҳбони хайру баракати ҳар як хонадон дар осори гузаштагонамон бисёр гуфта шудааст, ки яке аз онҳо чунин аст:
Зани хуби фармонбари порсо
Кунад марди дарвешро подшо.
Дар ҳақиқат, зани оқилаву дурандеш ба қадри дахлу харҷи хонавода мерасад ва маҳсули дастранҷи шавҳарро беҳуда сарф намекунад. Ин гуна оилаҳо барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар шудани фарзандонашон талош мекунанд, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд, шароити зисту зиндагии худро беҳтар менамоянд, оилавӣ ба истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо рафта, дар фикри саломатӣ ва хушбахтии худашону фарзандонашон мешаванд.
Ҷавонон низ дар ин роҳ бояд ҳамқадами волидайни хеш бошанд ва ҳеҷ гоҳ ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Онҳо вазифадоранд, ки ба қадри заҳмати падару модарашон расанд ва аз ҳад зиёд талаби ашёву ҷиҳоз, ҷавоҳироту таҷҳизоти қиматбаҳо накарда, баръакс, барои пойдории оила, устувории хонавода андеша кунанд ва ба хотири омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва дарёфти мавқеи муайян дар ҷомеа кӯшиш намоянд. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҷавонони кишварамон насли бонангу номус буда, саводу маърифат ва ҷаҳонбинии васеъ доранд. Онҳо бояд дар интихоби ҳамсар ва ҳифзу пойдории оила низ кӯшиш намоянд ва дар риояи муқаррароти танзими ҷашну маъракаҳо ҳиссаи худро гузоранд. Дар баробари ин, дар зиндагӣ саросема нашуда, аввал илм омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд, аз мактаби рӯзгордорӣ огоҳ шаванд, барои ҳаёти босаодати худ замина муҳайё сохта, баъд оила барпо намоянд. Агар ҷавонон зиндагии мустақилонаи худро аз рӯи ҳамин меъёр ба роҳ монанд, албатта, хушбахт мешаванд.
Ҳозирини муҳтарам!
Табиист, ки ҳар як қонун бо мурури замон ва тақозои шароити бамиёномада ба тағйиру иловаҳо ниёз пайдо мекунад. Ҳамчунин, давлат ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ҳангоми таҳияи ҳама гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун, пеш аз ҳама, манфиати мардум ва осудагии ҷомеа таъмин ва ҳимоя карда шавад.
Давлатҳои ҷавон дар раванди давлатсозӣ баъзан қонунҳое қабул мекунанд, ки онҳо хоси ин давра буда, барои пойдории давлат ва мустаҳкам намудани пояҳои он, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти давлат, рушди ҷомеа ва ахлоқ равона мегарданд. Қонуни мазкур маҳз ҳамин гуна қонун буда, пеш аз ҳама, барои таъмини баробарии иҷтимоӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа ва дар ин замина таъмин намудани амнияти шаҳрвандон равона гардидааст.
Таҷрибаи даҳсола собит менамояд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон зарурати такмили Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омадааст. Агарчи то ба имрӯз дар асоси хоҳишу дархостҳои сершумори аҳолии кишвар ба қонуни мазкур ду маротиба тағйирот ворид гардидааст, вале ҳоло зарурати ворид намудани баъзе иловаҳои дигар ба қонун пеш омадааст. Шаҳрвандони кишвар хостори ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин санади ҳаётан муҳим буда, ҷиҳати беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавиашон пешниҳодҳои мушаххас манзур намудаанд, ки аксари онҳо қобили қабул мебошанд. Бисёр ҳамватанони мо андешаҳои худро доир ба пурзӯр намудани назорати иҷрои қонун, тақвият бахшидани кори комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, нокифоя будани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, пешбинӣ нагардидани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон дар қонун баён намуда, иддаи дигар дар хусуси ҷудо намудани вақти гузарондани маъракаҳо ба фаслҳои тобистону зимистон, дар доираи оила барпо кардани маъракаи хатнасур ва аз рӯзи ҳаштуми таваллуд то бистрӯзагӣ дар муассисаҳои тиббӣ анҷом додани хатна пешниҳод манзур кардаанд. Ин гуна фикру пешниҳодҳо ба тариқи хаттӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомоти маҳаллӣ, инчунин, аз шаҳрвандони кишвар шифоҳию хаттӣ аз тариқи воситаҳои ахбори умум ва «микрофони озод» - и шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ баён шуда истодаанд, ки ҳар кадоми онҳо бояд мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Вобаста ба ин, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки аз ҳисоби кормандони сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис дода, дархостҳои мақомоту ташкилот ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба арзёбӣ намояд ва дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, ҳамчунин, тафсири оммавии онро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимони ҷомеашинос ва иттиҳодияҳои динӣ дар шаҳру ноҳияҳо корро доир ба масъалаи додани садақаву хайрот ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат боз ҳам вусъат бахшанд. Оид ба ин масъала ман борҳо ишора кардаам ва бори дигар таъкид месозам, ки шахсони камбизоат набояд садақаи фитр супоранд, балки дар пайи беҳ шудани зиндагиашон кӯшиш намоянд. Дар робита ба ин, масъулони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои доимӣ, инчунин, хатибони масҷидҳо ва уламои дин вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориву дастгирии молиявии оилаҳои камбизоатро дастҷамъона роҳандозӣ намоянд. Махсусан, дар ноҳияҳо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дар шаҳрҳо раисони маҳаллаҳо дар баргузории маросиму ҷашнҳо ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ бояд талаботи қонунро ҷиддӣ риоя намоянд ва ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд. Ба ҳамин хотир, шумо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳоро ба чорабинии имрӯза даъват кардем ва таъкид месозем, ки ба сатҳу сифати иҷрои қонун ва камхарҷ гузарондани чорабиниҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоед ва иҷрои муқаррароти қонунро дар миёни ҳамаи табақаҳои ҷомеа таъмин созед. Ҳар кадоми шумо бояд вазифа ва уҳдадориҳои худро бо камоли масъулият анҷом диҳед, бо дасту дилу нияти пок кор кунед, мардумро сарварӣ намоед ва нагузоред, ки талаботи ин қонуни ҳаётан муҳим халалдор гардад. Ҳадаф аз таъкидҳои пай дар пай доир ба иҷрои бечунучарои талаботи ин қонун, пеш аз ҳама, беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини Ватани азизамон аст. Мақсади Роҳбари давлат низ аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар шароити боз ҳам беҳтар ва хонаву дари ободу зебо умр ба сар барад ва барои муҳайё намудани зиндагии шоиста талош намояд.
Бо истифода аз фурсат, андешаҳои худро доир ба як масъалаи муҳими дигар иброз медорам. Тибқи фармудаҳои шариати исломӣ ва фиқҳи ҳанафӣ ҳар садақае вобаста ба шарт бошад, моҳияти холисона будани савобашро гум мекунад. Ба маънои дигар, «шарт» ҳамин аст, ки дар чил, сол ё дигар маъракаҳои азо, ба истиснои серӯзагӣ маърака оростан ва чорво забҳ кардан худаш садақа нест ва холисона будани хайрро дар мазмуни фиқҳию шариатиаш гум мекунад.
Тибқи фармудаи Қуръони карим дар ислом маҷбурсозӣ, яъне касеро барои анҷом додани коре маҷбур кардан мумкин нест. Дигар ин, ки мувофиқи ҳадисҳои дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ вобаста ба азодорӣ зикршуда мисолҳои зиёде аз саҳобаҳои пайғамбар ҷой дода шудаанд, ки дар онҳо маросими азо се рӯз муқаррар гардидааст. Масалан, дар як ҳадис омадааст: «Барои мурдае беш аз се рӯз азо гирифтан ҷоиз нест.” Дар ҳадисҳои дигар танҳо ишораи се рӯз ва сафед кардани сиёҳиву ғам аз хонадон баъди се рӯз зикр шудааст. Ҳамчунин, таъкид гардидааст, ки навҳа ва доду фиғони аз ҳад зиёд дар рӯи мурда дуруст нест. Вобаста ба ин, дар як ҳадис аз қавли пайғамбари Худо омадааст, ки «Ба ростӣ, майит аз сабаби он, ки хешовандонаш гиряву фарёд мекунанд, дар гӯр азоб дода мешавад». Ишораи дигар - дар рӯзҳои азо аз хонаи ҳамсояҳо овардани таом, ки дар ҳадисҳо таъкид шудааст, ҷанбаи инсонгароёна дошта, то ба имрӯз пайравони мазҳаби ҳанафӣ онро риоя мекунанд. Ин амал ҳамон вақт савоб аст, ки ҳар он чӣ барои аҳли оила омода мешавад, аз изофаи он ба хонаи азодор пешниҳод кардани таом аст. Дар байни халқ ин амал ба урф табдил ёфтааст. Аммо забҳи чорворо, махсусан, аз ҷониби азодор дар шариат ва ҳадисҳо куфр донистаанд. Моли шахси азодор бояд ба фарзандони ятимаш тақсим карда шавад, на забҳ гардад. Бинобар ин, бисёр ҳамватанони мо пешниҳод кардаанд, ки маъракаҳои азодорӣ, аз ҷумла чил ва сол танзим карда шуда, бе додани таом, баргузор карда шаванд. Пешниҳод шудааст, ки дар чунин ҳолат беҳтар аст шумораи одамони фотеҳахон маҳдуд карда нашавад. Бори дигар таъкид менамоям, ки барои каси фавтида ба ғайр аз фотеҳаву дуо дигар амалҳо носавоб буда, бар зарари оила ва хонадони азодор мебошад. Муъмин бояд барои беҳбудии худ, саодати оилааш кӯшиш намояд, на бар зарари хеш. Чунонки дар Қуръон омадааст: "Худо парҳезкоронро дӯст медорад».
Уламо ва ходимони дин бояд ба мардум фаҳмонанд, ки ҳар як инсон вазифадор аст дар зиндагӣ аз худ бо амалҳои хубаш номи нек боқӣ гузорад, зеро ҳар кори хайри ӯ дар номаи аъмолаш навишта мешавад. Баъди марги шахс фарзандон ва дигар бозмондагони ӯ ба ҷойи хароҷоти беҳуда метавонанд ҳар рӯз бо тиловати Қуръон дуо карда, арвоҳашро шод нигоҳ доранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Вобаста ба аҳамият ва зарурати татбиқи қонуни мазкур мехоҳам боз ба ду масъалаи ниҳоят муҳим - арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ , ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд, изҳори назар намоям.
Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардондани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Махсусан, дар маъракаву чорабиниҳо, маҳфилу суҳбатҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони адабӣ сухан гуфтан ва риояи бечунучарои талаботи меъёри забони тоҷикӣ қарзи виҷдонии мо мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем.
Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад. Вале солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, бахусус, миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад. Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд. Ҳол он ки Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сарулибосу сатру ҳиҷобу саллаву риш.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдори давлатиро зарур аст, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро ба таври қатъӣ гиранд.
Якчанд маротиба такрор ба такрор иброз дош-там ва бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд.
Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем. Ҳар фарди ҷомеа, махсусан, занону бонувони мо бояд шукронаи давлати соҳибихтиёр, озодиву осоиш ва сулҳу оромиро карда, дар пайи ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худашон хонаву дари обод, шароити аз имрӯза дида хубтар муҳайё кунанд, хонаву кошонаи худро тозаву озода нигоҳ доранд, боиффату соҳибмаърифат бошанд, бо рафтору кирдор ва андешаву пиндори неки худ номбардори ин Ватан, ин миллат ва ин марзу бум бошанд.
Мо дар асри XXI, яъне дар ҷаҳони дигаргуниҳои бузурги илмиву технологӣ умр ба сар бурда истодаем. Кишварҳои олам босуръат пеш рафта, бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ соҳиби комёбиҳои ниҳоят зиёд шуда истодаанд. Аз ин рӯ, моро низ зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ талош кунем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ сайю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем. Чанд аср пеш ҳамин тақлидкориро Мавлонои бузург мазаммат карда, гуфта буд, ки:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Вазифа ва қарзи ҳар як соҳибватани бонангу номус аст, ки барои тарбияи фарзандон, соҳиби касбу ҳунар шудани онҳо кӯшиш намояд, Ватанашро на дар сухан, балки дар амал дӯст дорад, онро ободу зебо гардонад, дастовардҳои ҷаҳони муосирро омӯхта, онҳоро дар Тоҷикистон, ки фардои дурахшони ҳар яки мо мебошад, амалӣ намояд, ҳастии худро бо ҳастии ин марзу буми муқаддас пайванд шуморад ва ба хотири пешрафти он ҳамеша ҷаҳду талош намояд. Ин аст қарзи ватандории ҳар як соҳибватан ва ҳар як фарди бедордил!
Мо дар якҷоягӣ метавонем ин амри виҷдонии хешро дар ҳаёт татбиқ намоем ва соҳиби зиндагии аз имрӯза шоиставу беҳтар гардем!
Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси мо минбаъд низ бо эҳсоси масъулият барои рушди давлатдории миллии худ бо тамоми неру кору фаъолият менамоянд ва Ватани аҷдодии хешро ба гулистони ҳақиқӣ табдил медиҳанд.
Дар ин роҳи дарозу пурифтихор ба ҳар як шаҳрванди кишвар ва ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, барори кор мехоҳам.
Сарбаланду хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2017 №: 144 Мутолиа карданд: 2842