logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҚАТЛИ ҲАМСАР. ҶИНОЯТИ 13 СОЛ ПЕШ ОШКОР ШУД
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ парда аз рӯи ҷиноятеро бардоштанд, ки 13 сол қабл содир шудааст.

Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки кормандони милитсия дар шаҳри Ваҳдат ба гумони содир намудани ҷинояти куштор ва ё қатли ҳамсар ҷавони 39 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Нуъмон Розиқи шаҳрро боздошт намуданд.
Тафтишот муайян намудааст, ки номбурда аз соли 2000 бо ҳамсараш -зани 41 - сола зиндагии якҷоя дошта, бо сабаби муноқишаи оилавӣ моҳи ноябри соли 2004 ӯро шабона бо зарби каланд ба ҳалокат расондааст. Баъд аз ин ваҳшоният, номбурда ҷасадро дар таҳхона зери хок намуда, рӯи онро бо бетон пӯшондааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷинояти мазкур баъди он ошкор шудааст, ки ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷавони 20 - сола муроҷиат карда, хабар додааст, ки ҳангоми таъмири таҳхонаи манзили истиқоматиаш  ҷасади шахсияташ номаълумро дар ҳолати устухонпора дарёфт намудааст.
Нисбат ба ин ҳодиса тибқи талаботи моддаи 104 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 1242
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед