logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Қонуншикание, ки боиси марги ҳафт нафар шуд
Суди шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Б. Маҷидовро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт бар асоси моддаи 212 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба  муҳлати 7 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, номбурда барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки 11 марти соли 2017 зимни идораи нақлиёти тамғаи «3ил - 130» дар ҳудуди қабристони Роҳатии роҳи мошингарди Ваҳдат - Ромит талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон намудааст. Ӯ дар нақлиёти боркаш ғайриқонунӣ зиёда аз 25 нафарро савор карда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба садама дучор шуд, ки боиси марги 7 мусофир ва ҷароҳат бардоштани чаҳор нафари дигар гардидааст.

Ҷавобгарӣ барои муомилоти ғайриқонунии шираи камол
Кормандони милитсия 11 июли соли ҷорӣ  зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилояти Хатлон, марди 47 - солаи сокини шаҳри Турсунзодаро бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки номбурда аз заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритуз 12 ҳазору 500 бех ниҳоли «Шираи камол»-ро буридааст, ки дар пайи ин амал 91 ҳазору 995 сомонӣ зарари молӣ ба миён омадааст.
Ба иттилои манбаъ, далели шайъӣ - 2 килограмм маводи шираи камол дарёфт ва мусодира шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ғоратгар ба даст афтод
Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба марди 47 - солаи сокини пойтахт, ба гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд.
Шахси гумонбар, ки рӯзи 11 июл боздошт шуд, 10 июли соли равон бо роҳи зӯроварӣ аз дасти зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе 320 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-G3»- ро тасарруф намудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 1292
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед