logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СТЕФАНО МАНСЕРВИС

12 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.
Воситаи муҳими беҳбудбахши   ҳамшарикии  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, татбиқи босамари  иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ»,  хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ шуд.
Бо  қаноатмандӣ  фаъолияти  воситаҳои  муҳими  тақвиятбахши  ҳамкориҳо, аз ҷумла кори муназзами  Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ, ҳамчунин, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ  ва  Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардида, татбиқи  муваффақонаи  Барномаи  индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки  ҷудо гардидани маблағи  251 миллион евроро  ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ:  тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот   пешбинӣ менамояд,  ҳамчун  санади муҳими  беҳтарсозии ҳамшарикӣ муҳим шумурда шуд.
Аз баргузории  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дар доираи он муаррифӣ гардидани   Барномаи  рушд барои давраи то соли 2020  ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  то соли 2030, ки барои расидан ба ҳадафҳои дар ин санадҳо муайянгардида кишвари мо ба дастгирии  шарикони рушд ниёз дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо дар мулоқот, ҳамчунин,   масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои  иқтисод,  энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат  дар  ба  эътидол овардани  вазъи сиёсию низомӣ  дар Афғонистон ва  тақвияти бештари имконияти   ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 2570
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед