logo

маориф

«Оё раванди таълим ба мақсад мувофиқ аст?»

Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мақолаи хабарнигор Мунаввари Сафар «Оё раванди таълим ба мақсад мувофиқ аст?»-ро, ки 16 июни соли 2009 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расид, дар мушовараи Раёсати маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз таҳлил маълум гардид, ки камбудиҳои дар мақола зикрёфта қисман ҷой дошта, ҳалли худро тақозо доранд. Масалан, иҷро нагардидани талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 105 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф», сари вақт таъмин нагаштани бахшҳои хадамот бо кормандони соҳибихтисос, феҳрасти воҳидҳои кории хизмати давлатӣ, маводи дастурию методӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои расмию зарурӣ аз ҷумлаи онҳост.
Бояд зикр кард, ки алҳол мушкилоти асосӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои якум, чорум ва замимаи 3-юми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 105 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф» ва фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2007, № 387 «Дар бораи таъсиси бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф» дар вилоят, бахусус дар ҳайати пурра таъсис нашудани бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳо (Қӯрғонтеппа, Ховалинг, Қумсангир, Вахш, Темурмалик ва Балҷувон) ҷой доранд, ки ҳалли саривақтии худро металабанд.
Шӯъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳрию ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз давраи аввали фаъолият аз 1301 мактаби таҳсилоти умумӣ 1298 -тоашро аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида, ба фаъолияти 986 таълимгоҳ баҳои мусбат дод. 306 муассиса бинобар ҷой доштани норасоиҳо аз аттестатсияи давлатӣ шартан гузашт, 6 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия нагузашт.
Маврид ба зикр аст, ки то давраи таъсисёбии шӯъбаи вилоятии бахшҳои хадамот ва комиссияҳои аттестатсионии муассисаҳои таьлимии назди шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят муассисаҳои таълимӣ аз аттестатсияи давлатӣ аз тарафи комиссияҳои аттестатсионии шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шудаанд. Санҷишҳо нишон доданд, ки комиссияҳои аттестатсионӣ ин вазифаро ҳамчун сарбории иловагӣ ба дӯш доштанд ва нисбати ин масъала ҳуҷҷатгузорӣ нашуда, танҳо иҷозатномаҳо (литсензияҳо) бо нусхабардории одӣ дода шудаанд.
Муассисаҳои таълимие, ки мӯҳлати аттестатсия гузаштанашон ба охир мерасад, мувофиқи нақшаи тасдиқшуда, аз нав аттестатсия мешаванд.
Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои иҷрои вазифаҳо ва ислоҳи камбудиҳои худ аз тамоми имконияту воситаҳои зарурӣ истифода бурда, баҳри дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намудани камбудиҳои дар мақола зикрёфта кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҷ. СОБИРОВ,
сардори Раёсати маорифи
вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед