logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Ман 30 сол инҷониб дар ихтиёри худ 0,34 га замини боғот дорам. Дар ин бора 25 декабри соли 2009 қарори раиси ноҳия таҳти № 671 қабул шудааст. Ин қитъаи заминро ба номи се нафар - Дорубек Сатторов (0,12га), Гулрухсор Сатторова (0,11га) ва Гулҳавас Сатторова (0,11га) сертификат кардем. Ду сол пеш хостем гирди онро панҷара гирем. Директори мактаби № 52-и ноҳия даъво кард, ки аз 0,34 га 0,26 гектараш ба мувозинати мактаб гузаштааст. Маълум гашт, ки ӯ сертификати худро як сол баъд аз мо бо қарори раиси ноҳия гирифтааст. Барои ба ҳолати аввала баргардондани замин ба суди ноҳия бо аризаи даъвогӣ муроҷиат кардем, рад карданд. Сипас ба зинаи боло, яъне суди вилоятӣ бо шикояти кассатсионӣ муроҷиат намудем, ки дар натиҷа ҳалномаи суди ноҳиявӣ бетағйир монд. Барои бозпас гирифтани 0,26 га замини боғотам ба куҷо муроҷиат намоям?
Дорубек Сатторов, сокини ноҳияи Қубодиён

- Аз муҳтавои саволатон аён аст, ки вобаста ба баҳси мавҷуда санади судии зинаи якум қабул гардида, он пас аз беқаноат монондани шикояти назоратиатон дар суди марҳилаи кассатсионӣ бетағйир мононда шудааст. Айни замон ҳалномаи суди марҳилаи аввал ба қувваи қонунӣ даромадааст. Дар ин ҳолат шумо ҳуқуқ доред ба суди марҳилаи назоратӣ аз болои ҳалномаи суди зинаи якум ва қарори марҳилаи кассатсионӣ шикояти назоратӣ баред.
* * *
- Оё барои таъсис додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ  иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ лозим аст?
С. Гулбеков, сокини шаҳри Хоруғ

- Не. Тибқи банди 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шаҳрвандон ҳуқуқ доранд  мустақилона, бе иҷозати  пешакии мақомоти давлатӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсис диҳанд. Инчунин, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо, дохил шаванд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2017    №: 147    Мутолиа карданд: 1216
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед