logo

мулоқотҳо

РОНАЛД ПОЛЛЕТТ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Нимаи дуюми рӯзи 14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президент - мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик” - и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти ширкати “Ҷенерал Электрик” даъват ба амал оварданд, ки ба бахши гидроэнергетикаи кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар сармоягузорӣ ба ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мо фаъолона иштирок намоянд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, имкони рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳо, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ, таъмини таҷҳизоти гуногуни энергетикӣ барои соҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории Амрико, аз ҷумла ширкати бонуфузи “Ҷенерал Электрик”, дар роҳи рушду густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар мавзӯъҳои ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судовар гуфтугӯи судманд ҷараён гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 2445
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед