logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАШИД МЕРЕДОВ

14 июли соли равон  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот намуданд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Турк-манистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои идомаи бобарори онҳо талошу иқдомҳои ҳар ду ҷониб бояд васеъ истифода бурда шаванд.
Ҷонибҳо бар он ҳамфикр буданд, ки муносибатҳои судманд ва дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, имрӯз муколамаи доимии сиёсӣ ва заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шудааст. Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла таъмини доимии робитаи мустақими ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ, муштаракоти бештар дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ, зарурияти фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, таъмини муколамаи доимии доираи соҳибкорону ширкатҳои давлатӣ, ташкили Шӯрои корӣ ва ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ таъкид карда шуд.
Бо изҳори қаноатмандӣ зикр гардид, ки лоиҳаҳои инфрасохтории бузург, ки ҳар ду давлат дар татбиқи онҳо иштирок менамоянд омили муҳими рушди устувор ва ҳамгироии бобарор дар доираи минтақа ба ҳисоб мераванд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии Тоҷикистону Туркманистон дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, масоили таъмини амнияту бехатарӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиёсию низомии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 2642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед