logo

ҳуқуқ

ТАҲДИДУ ХАТАРҲО. ДАРКИ БОШУУРОНАИ ҲАВОДИСИ ҶАҲОНИ МУОСИР РОҲИ НАҶОТ МЕБОШАД

Дар шароити кунунӣ, бо таъсири ҳаводису воқеаҳо ҷомеа ва мафкураи одамон низ майли тағйирёбӣ менамояд. Аз ин рӯ, пажӯҳишгарону коршиносон ва ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки мазмуну муҳтавои  афкори оммаро ҳамеша мавриди омӯзиш ва назарбинӣ қарор дода,  ба  ташаккули  он дар радифи равандҳои рушди  ҷомеа  таваҷҷуҳи хос  зоҳир намоянд. Дар сурати ғофил мондан ва ё аз назар дур андохтани ин падида мо имкониятҳои таъсиррасониро ба вазъи воқеии ҳаёти ҷамъиятӣ аз даст медиҳем ва ин метавонад пайомадҳои нохуби иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва костагиҳои ҳаёти маънавиро рӯи кор биёрад.

Пӯшида нест, ки мубаллиғони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро бо истифода аз нерумандтарин воситаҳои таблиғотӣ ва сарфи маблағҳои ҳангуфт ба афкори омма таъсир расонда, мехоҳанд мавқеъ ва идеологияи худро иҷборан ба сари мардум бор намоянд. Дар чунин вазъият мо бояд бетараф набошем ва ҳар ҳарф, ибора ва пешниҳоди онҳоро  мавриди омӯзиш, таҳлил қарор дода, натиҷагирӣ кунем. Зеро эҳсоси реалии воқеият, дарки дуруст, таҳлили амиқ, баррасии холисона гувоҳи маданияти баланди инсон арзёбӣ мешавад.
Ҳақ ба ҷониби доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Саймумин Ятимов аст, ки менигорад: «… бозингарони аслии саҳнаҳои геополитикӣ ё ин ки чемпионҳои «тахтаи бузурги шоҳмот» бағоят хушзеҳн, ҳушёр, андешаманд буда, аз лиҳози стратегӣ, пешакӣ сари даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳои оянда фикр мекунанд. Онҳо бар он мекӯшанд, ки душманони идеологии худро хуб омӯзанд. Дар бораи онҳо ҳама чӣ, ҳатто то майлнокии генетикӣ, этикӣ, нажодӣ ва дигар имкониятҳо, тавони ақлию дурнамои ҳар  миллатро аз нигоҳи захираҳои нерумандии инкишофёбиаш  донанд. Талош меварзанд, ки табиат ва психологияи миллатро, ки ҳадаф қарор додаанд, пурра ба дараҷаи максималӣ аз бар намоянд, то тавонанд ҷараёнҳои режими сиёсии мавриди назарро ба даст гирифта, баъдан онро идора кунанд».
Дар чунин шароити ҳассос ҳар як аъзои ҷомеа бояд бошуурона дарк намояд, ки дар раванди ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ, мақсади  ниҳоии  ҳар шакли  муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба ҳадафҳо ва  мақсадҳо аст. Бегонагон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд моро аз ҳувияти миллии хеш раҳонда, қабули мафкураи дигарро дар мағзамон ҷо намуда, талқини маданияти дигар, фарҳанги бегона ва ғояҳои иртиҷоиро дарбеҳ намоянд. Ин масоили хеле ҷиддӣ ва мубрами рӯз буда, на ҳар як шаҳрванди одӣ дар сатҳи шуури муқаррарӣ ба моҳияти онҳо  сарфаҳм меравад. Маҳдудияти ҷаҳонбинӣ, ки аслан аз  носолимии оила сарчашма мегирад, боиси кундзеҳнӣ, камтаҷрибагӣ, костагии фаҳмишҳои сиёсӣ, надоштани мустақилият мегардад.
Бинобар ин, хуб мебуд,  падару модарон таваҷҷуҳро ба тарбияи дурусту мақсадноки фарзандон равона созанд. Барои ин дар мамлакат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Яъне, кишвар орому миллат сарҷамъ, пояҳои давлат мустаҳкаму кафолати зиндагии осоишта муҳайёст. Мутаассифона, баъзе афрод дарк кардан намехоҳанд, ки халқи тоҷик барои ба ин рӯзҳои нек расидан ҳамдилу ҳамтан шуд, аз хиради азалиаш кор гирифт ва дигар ба доми фиреби бегонагон намеафтад. Бале, мо дар ҳамбастагӣ тавонистем ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшем. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Давлати мустақили тоҷикон ва ваҳдати миллӣ бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз шаванд.
Дар ин қисмати матлаб овардани суханони сиёсатшинос Саймумин Ятимовро ба мақсад мувофиқ медонем:  «Агар ба хотири барпо кардани давлат чи қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани  давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад».
Воқеан, таърих  бо далелҳои раднопазир собит сохтааст, ки ҷавонон дар воқеаҳо ва рӯйдодҳои муҳим нақши асосӣ бозида, дар раванди ҷомеа ва устувории давлатҳо мавқеи хоса доранд. Яъқуб ибни Лайс барои таъсиси давлати Саффориён маҳз бо истифода аз неруи ҷавонони далеру шуҷоъ бо номи «Озодагон» муҳофизони давлатро ташкил намуда буд. «Озодагон» аз лиҳози тарбия, ахлоқ, рафтор ва гуфтори худ дар ҷомеа фарқ намуда, ба давлат ва сарзамини худ содиқона хизмат намудаанд.
Рисолати бузургтарин барои ҷавонони Тоҷикистон ва тамоми қишрҳои ҷомеа талоши ҳақназарона барои рушду нумуи кишвар, барпо намудани оилаҳои намунавӣ, тарбияи фарзандон, рушди бемайлони саноат ва иқтисодиёт, ободии диёр, пешрафти илму техника, инкишофи маориф, истиқлолияти фикрӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад. Дар сурати расидан ба ин ҳадафҳо мо метавонем Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба як кишвари пешрафтаи олам табдил диҳем.
Сафаралӣ СОБИРОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 1288
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед