фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Соқизода Раҳмон аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раҳмонзода Мошариф аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
2. Мирмахсумиён Исмоил Муродбек бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июли соли 2017, № 898
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.2017 №: 149 Мутолиа карданд: 2735