logo

ҳуқуқ

НИГАРОНӢ. АЗ ҶИНОЯТҲОИ ҚАЛЛОБӢ ВА ХАРИДУФУРӮШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН

Солҳои охир ҷиноятҳои қаллобӣ  аз ҷониби шаҳрвандон зиёд шудааст. Баъзе шахсон бо ҳар роҳу восита шаҳрвандонро фиреб карда, моликияташонро ба даст меоранд ва аз баргардондани пулу моли мардум саркашӣ мекунанд.
Ин матлабро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти ахири матбуотӣ баён дошт. Номбурда, дар мавриди додан ва гирифтани қарз гуфт, ки дар онҳо кирдори ҷиноятӣ вуҷуд надорад. Зеро дар ин ҳолат байни шаҳрвандон шартнома ба имзо расида, дар сурати иҷро нагардидани аҳди тарафайн қарз ба воситаи мақомоти судӣ рӯёнда мешавад.
Раиси Суди Олии мамлакат дар ҳузури хабарнигорон оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ ва тартиби баррасии парвандаҳо дар ин самт низ суҳбат кард. Зимнан, оид ба ҷиноятҳои қаллобии вобаста ба замин ва харидуфурӯши ғайриқонунии қитъаи замин таваҷҷуҳ зоҳир гардида, бори дигар таъкид шуд, ки мувофиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузорӣ  замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат маҳсуб меёбад. «Соҳиби замин давлат аст. Ягон сохтору мақомоти дигар ҳуқуқ надорад, ки заминро худсарона  соҳибӣ кунад, фурӯшад ва харад». Бо зикри ин нукта Шермуҳаммади Шоҳиён аз зиёд будани ҷиноятҳои вобаста ба харидуфурӯши замин дар ҷумҳурӣ, бахусус ноҳияи Рӯдакӣ изҳори ташвиш намуда, афзуд, ки бо ҳамин ҷурм мансабдорони сатҳи гуногун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
- Мутаассифона, таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, шаҳрвандоне, ки ҳамин намуди ҷиноятҳоро содир намуда, маҳкум ба зиндон мешаванд, баъд аз адои ҷазо ё берун шудан аз муассисаҳои ислоҳӣ боз даст ба кирдори ношоиста мезананд. Қаллобӣ ва мардумфиребӣ мекунанд. Бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба харидуфурӯши замин машғул мешаванд. Аз ин рӯ,  як нафар аз коллегияи Суди Олӣ ба рафти баррасии ҳамин намуди парвандаҳо дар суди ноҳияи Рӯдакӣ вобаста шудааст. Гузашта аз ин, кормандони Суди Олӣ ва судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ уҳдадор шуданд, ки вобаста ба ин масъала бо мардум дидору вохӯриҳо анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд. Ин ба он мақсад аст, ки шаҳрвандон ба қаллобон бовар накунанду ба доми фиреби онҳо наафтанд ва дар мавриди ба даст овардани  ҳуқуқи истифодаи замин аз роҳҳои қонунӣ кор гиранд,- таъкид кард Шермуҳаммад Шоҳиён.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2017    №: 151    Мутолиа карданд: 1270
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед