номаҳо
ДУШАНБЕ - ОИНАИ МИЛЛАТ
Солҳои зиёд, мешунидам, ки овозхони маъруфи кишвар месуруд:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.
Пас аз он мегуфтам, ки кош ин суруд рӯзе ҳақиқати худро пайдо бикунад. Агарчи шубҳаҳои зиёд талқинам менамуданд, ки ин корест ношуданӣ ва танҳо орзуст, дар як гӯшаи дилам шуълаи умед фурӯзон буду ҳеҷ хомӯш намегашт.
Имрӯз шаҳри азизамон Душанбе, воқеан, шаҳри дилорост ё худ шаҳри дилоро гардидааст. Дар чандин шаҳрҳои машҳуру пешрафтаи дунё будам. Ба ростӣ, ҳеҷ кадомеро мисли Душанбе шаҳри сарсабзу ҷавону дӯстдоштанӣ наёфтам. Албатта, бо биноҳои муҳташаму баландошёна фарқ мекунанд, вале мисли шаҳри мо тозаву дилрабо нестанд.
Душанбеи мо махсусан дар ин чанд моҳи охир ҳуснашро афзуд. Гулҳои тару тоза ва зебову нав диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад. Ҳеҷ гоҳ мо ин шаҳри азизамонро чунин пургул надида будем. Навъи гулҳо он қадар зиёданд, ки номи аксарашонро намедонем. Навъҳои дарахтони сабзу зебову пургул низ афзудааст. Акнун бо дилпуриву сарбаландӣ, на хаёлан, метавонем гуфт, ки Душанбе бад-ин дилороиву зебоӣ, воқеан, зеби дунёст.
Ин ҳақиқатро онҳое ҳам, ки аз хориҷи кишвар меоянду меҳмони пойтахти мамлакатамон мешаванд, собит месозанд. Бе ҳеҷ шак, тавсифи онҳоро нисбат ба ин шаҳри дилоро хуш мепазирем ва дар навбати худ бо он ифтихор ҳам мекунем. Дар ин ҳол ба шаҳрдорӣ арзи сипос менамоем. Бовар дорем, ки ин шаҳр дар оянда боз ҳам зеботару дилработару пешрафтатар хоҳад шуд. Чаро? Чунки шаҳрдорӣ аз бовари мо беҳтару бештар иқдомҳои наҷиберо дар мавриди зебо гардондани Душанбе амалӣ намуда истодааст. Мо низ дар гулгулшукуфоии шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштани он бояд саҳми чашмрас бигирем. Охир, пойтахти кишвар оинаи давлату миллати мо маҳсуб мешавад.
Ҷ. МАҶИДЗОДА, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2017 №: 151 Мутолиа карданд: 2698