logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Боздошти корманди андоз бо ҷурми порагирӣ
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Суҳроб Манонов, корманди нозироти андози ноҳияи Варзоб баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ирсол шуд.

Тибқи иттилои сомонаи агентӣ, номбурда 26 майи соли ҷорӣ  аз шаҳрванд «А» барои аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намуданаш 8000 сомонӣ талаб намуда, дар ду ҳолат 5000 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Суҳроб Манонов баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани боз 2500 сомонӣ дар дохили бӯстонсаройи «Водии гургон», воқеъ дар деҳаи Ғусғарфи Ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб, аз сӯи кормандони агентӣ боздошт шуд.
Ин боздошт дар асоси аризаи шаҳрванд «А» ба унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи талаби пора сурат гирифта, нисбат ба дастгиршуда бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.


Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои роҳзанӣ
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Қӯрғонтеппа сокини ҳамин шаҳр Оятулло Маҳмадназаровро, ки қаблан ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, бо гумони даст доштан ба ҷинояти роҳзанӣ дастгир карданд.

Бар пояи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 11 июли соли ҷорӣ боздоштшуда бо роҳи таҳдиду истифодаи зӯроварӣ ба Н. Норматов, сокини ноҳияи Қубодиён, дарафтода, бо зарби корд ба ӯ зарари ҷисмонӣ мерасонад. Сипас, 4 ҳазору 300 сомонии ин шаҳрвандро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Гумонбар баъд аз ворид шудани аризаи Н.Норматов дар робита ба ин ҳодиса, дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2017    №: 152    Мутолиа карданд: 1199
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед