logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи милитсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156, №6, мод. 438, №12, мод. 835; с. 2012, №4, мод. 251, №7, мод. 692, №8, мод. 821, №12, қ. 1, мод. 1023; с. 2013, №3, мод. 183, мод. 184, №12, мод. 884, мод. 885;     с. 2014, №11, мод. 649) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
2. Қисми якуми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Милитсия вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва шаҳрвандон иҷро мекунад.».
3. Қисми сеюми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарии фаъолияти милитсия ба зиммаи сардорони раёсатҳои (шуъбаҳои) Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо гузошта мешавад. Сардорони Сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, милитсияи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.».
4. Дар қисми якуми моддаи 10:
- банди 33) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«33) тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти корҳои дохилиро муайян ва дар амал татбиқ намояд;».
- банди 33) банди 34) ҳисобида шавад.
5. Дар бандҳои 12) ва 15) қисми якуми моддаи 10, банди 22) қисми якуми моддаи 11, қисми дуюми моддаи 18 ва қисми сеюми моддаи 20 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
6. Дар банди 7) моддаи 11 калимаҳои «ҷиноӣ кушояд» ба калимаҳои «ҷиноятӣ оғоз намояд» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 19:
- ба қисми якум пас аз калимаҳои «хизмати милитсия» калимаи «танҳо» илова карда шавад;
- дар қисми ёздаҳум:
- зербанди м) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«м) дар сурати эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;»;
- зербанди о) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«о) бинобар қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар.».
8. Дар қисми шашуми моддаи 27 калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                                               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1446


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 июни соли 2017, № 802


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017,  № 424


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 3492
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед