logo

ҳуқуқ

МАШҚҲОИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ БО ҶАЛБИ ЗИЁДА АЗ 10 ҲАЗОР НИЗОМӢ

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи  нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барои  соли 2017 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машқҳои зиддитеррористӣ бо ҷалби зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ гузаронда шуданд.

Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиа ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки машқҳои стратегии зиддитеррористӣ ахиран дар тамрингоҳи низомии мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ба охир расиданд. Дар амалиёти муштараки  ҷузъу томҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед,  раисони  шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ иштирок доштанд. Машқҳо бо ҷалби ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси сохторҳои низомии гарнизони Хоруғ аз рӯи  унсурҳои гуногуни зиддитеррористӣ ҷараён гирифта,  дар онҳо силоҳу муҳимоти ҷангӣ, тайёраҳо,  техникаи зиреҳпӯш ва васоити артиллериву автомобилӣ истифода гардиданд.
Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштарак оид ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дифоии кишвар, омодагӣ  баҳри пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳо ва ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ибрози андеша кард. Вазири мудофиа моҳият ва ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеи низомиро барои таъмини амнияти давлату миллат муҳиму  манфиатбахш арзёбӣ намуда, баён дошт: «Минтақаи Бадахшони Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ва мавқеи геополитикӣ  дар  маркази таваҷҷуҳи  гурӯҳҳои бадхоҳ қарор дошта,  доир намудани  чунин машқҳои низомӣ барои посухи сазовор ба ҳар гуна таҳдиду фишорҳои гурӯҳҳои ифротгарою даҳшатафкан муҳим ва саривақтӣ мебошад».
Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми машқҳои муштараки зиддитеррористӣ иддае аз афсарону сарбозон бо медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2017    №: 155-156    Мутолиа карданд: 1208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед