қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 22, мод. 336; с. 1997, № 23 - 24, мод. 333; с. 2000, № 11, мод. 527; с. 2008, № 3, мод.189; с.2009, № 12, мод. 822; с. 2010, № 1, мод. 4; с. 2015, № 11, мод. 974) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Сархати сеюми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Воситаи нақлиёт - механизме, ки барои бо роҳҳо интиқол намудани одамон, бор ё таҷҳизоти дар болои он васлшуда, таъин шудааст.».
3. Дар сархатҳои якум, сеюм ва ҳаштуми қисми якуми моддаи 9, қисми панҷуми моддаи 14 ва қисми якуми моддаи 32 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
4. Дар қисми якуми моддаи 14 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
5. Дар қисми якуми моддаи 24 калимаи «механикиашон» ба калимаи «техникиашон» иваз карда шавад.
6. Дар қисмҳои якум ва сеюми моддаи 28 калимаҳои «присепҳояшон» ва «аломатҳои» мувофиқан ба калимаҳои «ядакҳояшон» ва «рақамҳои» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 29 калимаҳои «механикии нақлиёте» ва «присепҳои (нимприсепҳои)» мувофиқан ба калимаҳои «нақлиёти механикие» ва «ядакҳои (нимядакҳои)» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 31:
- дар матни модда калимаи «аломатҳои» ба калимаи «рақамҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати чоруми банди б) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шуда, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути вайрон кардани қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи воситаҳои нақлиёт.».
9. Дар сархати шашуми моддаи 33 калимаҳои «васоити механикии нақлиёт» ва «васоили нақлиётро» мувофиқан ба калимаҳои «воситаҳои нақлиёти механикӣ» ва «воситаи нақлиётро» иваз карда шаванд.
10. Дар матни моддаи 40 калимаҳои «васоили нақлиёт» мувофиқан ба калимаҳои «воситаи нақлиёт» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1458
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 майи соли 2017, № 782
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017, № 437
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2017 №: 155-156 Мутолиа карданд: 3173