logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Боздошти сармуҳосиб барои гирифтани пора
Сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Солиев бо ҷурми гирифтани пора аз як довталаб боздошт шуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, Алишер Солиев барои дохил намудани як шаҳрванд ба факултети информатикаи Донишкадаи миллии Ҷумҳурии Мардовияи Федератсияи Русия ба сифати пора 1900 доллари амрикоӣ талаб намудааст. Номбурда ҳангоми гирифтани ин маблағ аз ҷониби кормандони агентӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд.
Дар робита ба ин амал нисбат ба  Алишер Солиев бо аломатҳои моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Кушторе, ки бо 11 зарби корд анҷом ёфт
Рӯзи 22 июл сокини 41-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа дар пайи як муноқиша бо 11 зарби корд сокини дигари ҳамин шаҳрро ба ҳалокат расондааст.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, як рӯз пас аз ҳодиса зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ин мард ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Ришваситонӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ
Кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бар асоси муроҷиати шаҳрванд «А» корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исматулло Ғайратовро ҳангоми гирифтани пора дастгир карданд.
Тибқи гузориши сомонаи агентӣ, номбурда бо истифода аз мақоми хизматӣ барои тайёр карда додани билети ҳарбии муваққатӣ (ноқобил) аз шаҳрванд «А» 1600 сомонӣ гирифта, барои анҷоми ин кор боз 2800 сомонӣ талаб кардааст.
Корманди комиссариати ҳарбӣ ҳангоми гирифтани 2800 сомонӣ боздошт ва алайҳи ӯ бо дастрасии моддаи 247 қисми 2, бандҳои «в, г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 1194
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед